Ҳалокати ду нафар тиллоҷӯён дар Ховалинг зери сангпора

Ҳодисаи фоҷеабор нимаи дуюми рӯзи 27 июл дар кони тиллои “Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг рух дод. Ҷасадҳои ҳалокшудагон – Бобоҷон Файзуллоеви 42-сола, сокини шаҳри Кӯлоб ва Дилшод Худоиеви 31-сола, сокини ноҳияи Панҷ ба ихтиёри наздикону пайвандонашон супурда шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ. […]

Ҳодисаи фоҷеабор нимаи дуюми рӯзи 27 июл дар кони тиллои “Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг рух дод.

Ҷасадҳои ҳалокшудагон – Бобоҷон Файзуллоеви 42-сола, сокини шаҳри Кӯлоб ва Дилшод Худоиеви 31-сола, сокини ноҳияи Панҷ ба ихтиёри наздикону пайвандонашон супурда шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Ҳангоми сангфароӣ яке аз сокинони маҳаллӣ ҷароҳат гирифтааст. Ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тилло воқеъ аст. Айни замон ин ҷо панҷ ширкат ба истихроҷи тило машғуланд. Ғайр аз ин, беш аз ҳазор нафар сокинони вилояти Хатлон дастӣ низ тилло ҷустуҷӯ мекунанд.

Истихроҷи тилло дар кони Шугнов охири асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шуда буд. Тиллои ин кон беҳтарин навъи тилло дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.