Мо ҳамеша пайи ҷустуҷӯи мактаби номдору овозадорем

Шояд дар ҳеҷ кишваре ба монанди кишвари мо ба синфи якум гусел кардани фарзанд душвор набошад. Бе муҳобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мактаби олӣ даводаву ташвиши ба мактаби миёна дохил кардани фарзандон мушкилтару душвортар аст, ки ин як дарди дерина ва ҳалнашудаи ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Вале дар зер аз мушкилие мегӯем, ки пас аз […]

Манзумаи Фирӯз, “Азия-Плюс”

Шояд дар ҳеҷ кишваре ба монанди кишвари мо ба синфи якум гусел кардани фарзанд душвор набошад.

Бе муҳобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба мактаби олӣ даводаву ташвиши ба мактаби миёна дохил кардани фарзандон мушкилтару душвортар аст, ки ин як дарди дерина ва ҳалнашудаи ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Вале дар зер аз мушкилие мегӯем, ки пас аз ҳама ташвишу изтироб болои насли наврас ва волидони онҳо меояд.

Мушоҳида мешавад, ки волидон пеш аз супоридани ҳуҷҷати фарзандашон ба мактабҳои миёна аз дигар падарону модарон, омӯзгорон ё худи роҳбари мактаб саволи маъмулии “Дар як синф чанд хонанда таҳсил мекунанд?”-ро мепурсанд. Вале табиист, ки ҷавоби қаноатбахш намегиранд. Чун дар макотиби миёнаи мо дар як синф то зиёда аз 35 нафар хонанда таҳсили илм мекунанд.

Тибқи маълумоти мавҷуда, дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ дар як синф зиёда аз 30 хонанда ҷо карда мешавад, ки дар 45 дақиқаи дарс омӯзгор фурсати бо ҳар яки онҳо машғул шуданро надорад.

Вале бо вуҷуди ин ҳама, боз ба назар мерасад, ки гарчанде аз ин мушкилот масъулин огоҳӣ доранд, аммо онҳоро чӣ гуна ва дар кадом фазову муҳит дониш андӯхтани хонандагон парвое нест.

Волидон шиква мекунанд, ки дар як мизи синфхона се хонанда менишинад ва онҳо метавонанд дар равиши дарс ба ҳамдигар халал расонанд. Вале боз ҳам фарзанди онҳо дар ҳамин синф ва мактаб таҳсил мекунад, зеро мактаби хуб ва омӯзгори хуб ба фарзандашон дарс медиҳад. Аммо гап сари ин аст, ки нафаре аз волидон ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ аз ин мушкилот шикоят намекунад.

Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон низ дар нишасти хабарӣ оид ба ҷо доштани ин мушкил гуфт: “Дар қарори Ҳукумат омадааст, ки дар як синф бояд то 25 нафар хонанда таҳсил намояд ва на аз ин бештар. Баъзан мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои маблағро сарфа кардан аз се синф ду синф, аз чор синф се синф месозанд ва чунин ҳодиса дар ноҳияи Фархор ба қайд гирифта шуда буд”.

Вале ҷаноби вазир дар мавриди ҷо доштани ин мушкилот дар макотиби миёнаи шаҳри Душанбе изҳори бехабарӣ  карда, илова намуд: “Дар мактабҳои Душанбе дар мавриди ин масъала иттилоъ надорем”.

Вале гуфт, ки дар чунин ранг гирифтани кор волидон гунаҳгор мебошанд. Ба андешаи ӯ, дар шаҳри Душанбе мактабҳои овозадоре мавҷуд аст, ки волидон бо ҷабру зулм ва фишороварӣ бар сари директори мактаб ва ҷонишини ӯ, кӯдаконашонро бурда дар ҳамон мактаб месупоранд.

«Дар чунин ҳолат теъдоди хонандагон зиёд мешавад. Ин қонуншиканӣ аст! На директор ва на волидайн ҳуқуқи аз 25 нафар зиёд намудани хонандагон дар як синфро надоранд», – илова кард вазири маориф.

Нуриддин Саид гарчанде дар аввали суҳбаташ аз меъёр зиёд будани хонандагон дар мактабҳои шаҳри Душанбе бехабарӣ карда буд, аммо дар давоми суханронӣ илова кард, ки чунин мушкилот дар макотиби шаҳри Душанбе, аз ҷумла, мактабҳои ҳамагонии №20, №21, №48, №16, №8, №54 ҷой дорад. Аммо дар мавриди андешидани чораҳо дар ин масъала ва чаро нафаре ин мактабҳоро тафтиш намекунад, чизе гуфта нашуд. Ин ҷо қазоват бар хонандагони гиромӣ аст.

Салима Алишерова зиёда аз 30 сол омӯзгори мактаб аст ва ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ илм меомӯзад. Ба гуфтаи ӯ, дар як синф бояд на зиёда аз 25 хонанда ҷо карда шавад, ки омӯзгор дар равиши дарс танқисӣ накашад.

“Яъне дар фурсати кӯтоҳ омӯзгор бояд аз ҳамаи хонандагон вазифаи додаи худро пурсон шавад. Вале вақте толибилм зиёд шуд, омӯзгор низ танқисӣ мекашад. Ва дар чунин ҳолат имкон аст, ки баъзе толибилмон аз напурсидани супориши хонагӣ ба дарсҳо беаҳамиятӣ зоҳир намоянд. Чун хурд ҳастанд ва ҳар яки онҳо бояд зери назорат бошанд, то ба дарсҳо саҳлангорӣ накунанд”, – изҳор намуд ӯ. 

Бо назардошти он, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола мактабҳои наву замонавӣ сохта ба истифода медиҳад, ин масъала то ҳол нигаронкунанда боқӣ мондааст. 

Дар ин росто метавон гуфт, ки дар ҷомеаи кунунӣ ҳоло ҳам нисбат ба ояндаи насли нав бисёр кам таваҷҷуҳ карда мешавад ва ин агар аз як тараф гуноҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз ҷониби дигар ишибоҳи худи волидон аст. Яъне дар мо то ҳол ба номи мактаб диққат дода мешаваду халос. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.