Қатъи кори беш аз 12 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон тӯли ним сол

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ беш аз 13 ҳазор нафар субъектҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон фаъолияти худро қатъ намуданд, хабар дод зимни нишасти хабарии рӯзи 31 июл дар Душанбе раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамрализода.

“Дар ин давра ба сурати умум дар кишвар фаъолияти 13 ҳазору 157 субъектҳои хоҷагидорӣ қатъ шуд, ки аз ин шумор 451 субъект – шахси ҳуқуқӣ ва 12 ҳазору 702 субъект – соҳибкорони инфиродӣ мебошанд”, – иброз дошт Ҳамрализода.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳамасола аз 10 то 15 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ фаъолияти худро дар ҷумҳурӣ қатъ мекунанд ва сабаби аслиаш рақобатнопазирӣ аст.

“Сабаби аслӣ дар он аст, ки соҳибкорон ба рақобат тоб оварда наметавонанд, нақшаи рушдро дуруст таҳия намекунанд, вижагиҳои маркетинг (бозорёбӣ) ва ҳисобу китобро намедонанд ва ҳамчунин қонунгузории андозро риоя намекунанд. Дар натиҷа муфлис шуда, ба фаъолияти худ хотима мебахшанд”, – – қайд кард раиси Кумита.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта шумори субъектҳои соҳибкорӣ ба беш аз 11 ҳазор адад афзудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ба ҳолати 1 июл қариб 323 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ дар кишвар фаъолият доранд.

Қаблан вазири саноат ва технолгияҳои нави кишвар Заробиддин Файзуллозода зимни нишасти хабарӣ изҳор намуда буд, ки аз оғози сол 181 корхонаву коргоҳҳо, ки дар онҳо наздики 2 ҳазор нафар кор мекарданд, фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...