“Роғун” шабонарӯзӣ то 3,9 млн. кВт-соат барқ истеҳсол мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” айни замон шабонарӯзӣ то 3,9 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс”раиси ШСХК “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода.

Бино ба гуфтаи ӯ, аз 16 ноябри соли гузашта, замони мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин агрегат, дар он 210,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Қабалн раҳбарияти энергохолдинг иттилоъ дода буд, ки давоми 45 рӯзи охири соли гузашта (аз 16 ноябр то 31 декабр) дар нерӯгоҳи Роғун 33 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шуд.

Ҳамин тариқ, аз оғози соли равон дар агрегати якуми нерӯгоҳ 177,5 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки ба каме бештар аз 2% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи истеҳсолшуда дар кишвар тӯли нимсолаи аввал баробар аст.

Бино ба маълумоти ширкати “Барқи тоҷик”, давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 8,8 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст.

Ёдрас мекунем, ки муҳлати ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун, ки моҳи апрел пешбинӣ гардида буд, ба моҳи сентябри ҳамин сол мавқуф гузошта шуд.

Дар толори мошинии нерӯгоҳи Роғун ба сурати умум насби шаш агрегати иқтидори ҳар кадоме 600 МВт ба нақша гирифта шуда, аз анҷоми пурра сохтмони нерӯгоҳ соли 2033 интизорӣ меравад.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика, пас аз пурра мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳ, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он ба ҳисоби миёна зиёда аз 17,0 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...