Маркази заминларзаи шабона дар Афғонистон воқеъ будааст

Date:

Имрӯз, 5 август соати 00:04 дарқиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон заминларза рух дод.

Дар Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки маркази заминларза дар 302 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, 28 километр ғарби Ишкошим дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст.

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил додааст.

Дар бораи харобиҳо ва осебҳои эҳтимолӣ бар асари ин заминҷунбӣ дар Тоҷикистон маълумот дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, тавре ВАО бо истинод ба Хадамоти геологии ИМА (USGS) хабар медиҳанд, қувваи заминларза дар марказаш – минтақаи шимолу шарқи Афғонистон ба 5,1 балл баробар будааст. Марказ дар 27 километрии ғарби шаҳри Ишкошим дар ҷуқурии 229,5 километр воқеъ будааст.

Сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор мекарданд, ки заминҷунбӣ “ким чӣ хел ғайриоддӣ” буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...