Дар ВМКБ омадани низомиёни Чинро интизоранд

Тамринҳои навбатии зиддитеррористии Тоҷикистону Чин аз 8 то 11 август дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бевосита бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, баргузор мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Дар тамринҳо як баталйони сарбозону афсарони воҳидҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва як ротаи Артиши халқии озодихоҳи Чин иштирок мекунанд. […]

Тамринҳои навбатии зиддитеррористии Тоҷикистону Чин аз 8 то 11 август дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бевосита бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, баргузор мешаванд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон.

Дар тамринҳо як баталйони сарбозону афсарони воҳидҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва як ротаи Артиши халқии озодихоҳи Чин иштирок мекунанд.

Низомиёни Чин рӯзи 7 август гузаргоҳи сарҳадии назоратии “Қулма-Қарасӯ”-ро дар марзи ду кишвар мегузаранд.

Низомиёни Тоҷикистону Чин дар тамринҳо амалҳои муштаракро ҳангоми пайдо шудани хатари вуруди террористон аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ба қаламрави Чин мавриди таҷрибаву амал қарор медиҳанд.

Барои иштирок дар тамринҳо ҳамчунин авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, артиллерия, силоҳи тирандозӣ низ сафарбар мешавад.

Қобили зикр аст, ки ба ин монанд тамринҳои низомиёни ду кишвар моҳи октябри соли 2016 низ дар ВМКБ баргузор шуда буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.