Мирзиёев: Агар сиёсати хушунатбор кор медод, мо дар 30 сол ба беҳтаринҳо табдил мешудем

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба зердастонаш дастур дод, ки масъалаи аз мақом барканор кардани ҳокимони вилоятҳои Фарғона, Хоразм ва Қашқадарёро баррасӣ кунанд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Мирзиёев рӯзи 2 август дар як ҷаласа дар робита ба тахриби манзилҳо ва амволи сокинон дар бархе аз ноҳияҳои Ӯзбекистон изҳори назар кард. "Ман ба Абдулло […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон ба зердастонаш дастур дод, ки масъалаи аз мақом барканор кардани ҳокимони вилоятҳои Фарғона, Хоразм ва Қашқадарёро баррасӣ кунанд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Мирзиёев рӯзи 2 август дар як ҷаласа дар робита ба тахриби манзилҳо ва амволи сокинон дар бархе аз ноҳияҳои Ӯзбекистон изҳори назар кард.

"Ман ба Абдулло Орипов (сарвазир) ва Зайниалобиддин Низомиддинов (раиси дастгоҳи президент) дастур медиҳам, ки дар робита ба барканор кардани ҳокимон чораҷӯӣ кунанд. Ин ба ман даркор нест! Ман бори дигар такрор мекунам, мо бо ин сиёсат дур намеравем – бо сиёсати хушунатбор! Агар ин сиёсат кор медод, мо дар 30 сол ба беҳтаринҳо табдил мешудем", – гуфт Мирзиёев.

Мирзиёев дар он ҷаласа ҳокими вилояти Хоразм Фарҳод Эрмановро танқид кард, ки ба далели тахриб кардани манзилҳо, сокинон маҷбур шудаанд, роҳи мошингарди Урганҷро банданд.

"Ба сиёсати ман аз ҳама бештар Эрматов зиён овард. Ман ба ту ва амсоли ту "табрикот"-и бешармонаеро аз Интернет ирсол мекунам. Вақте ман гуфтам, ки раиси шаҳри Урганҷ (Шуҳрат Абдуллоев)-ро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунем, ту ба ҳайси вакили дифоъ аз сарвазир хоҳиш кардӣ, ки ин корро накунем. Ана натиҷаи "дӯстӣ"-и ту. Бихон, ки имрӯз дар бораи дӯстии ману ту дар шарҳҳо чи менависанд. Агар ту, бе виҷдон, дӯсти ман мебудӣ, ин гуна рафтор намекардӣ. Чаро биноҳоро тахриб кардӣ? Шарҳҳоро дар интернет бихон. Онҷо акси ту нест. Танҳо акси сарвазир нашр шудааст ва зери он одамон шарҳ менависанд, ба сиёсати президент нафрин мехонанд. Ту ва зердастони ту ба ман ҳамчун душман муносибат кардед. Оё душвор буд, ки пеш аз тахриби биноҳо бо майнаат фикр бикунӣ? Боз худнамоӣ мекунад, ки ба ҳар кадоми онҳо 30-50 миллиард сумӣ ҷубронпулӣ ҷудо кардааст. Оё ин маблағи туст? Ин маблағи вазорати молия аст! Ё Ӯзбекистон аз ту қарздор аст? Бо хондани ин гуна шарҳҳо ман чи гуна метавонам, дар утоқам ором шинам?", – гуфт президенти Ӯзбекистон.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки шаби 26 ба 27 июл ҳазорон сокини манзилҳои тахрибшудаи кӯчаи "Ишқобод" дар ноҳияи Урганҷи вилояти Хоразм роҳи мошингарди Урганҷ-Ҳазораспро баста, аз мақомоти маҳаллӣ пардохти ҷубронпулӣ талаб карданд. Баъди тахриби манзилҳо бештар аз 400 оила чанд моҳ маҷбур буданд, зери хаймаҳо истиқомат кунанд. Рӯзи 27 июн сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов барои шиносоӣ бо вазъ ба Урганҷ рафт. Як рӯз баъд ба ҳамаи эътирозгарон ҷубронпулӣ пардохт шуд.

Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи рӯзи 2 август ҳокимони вилоятҳои Фарғонаву Қашқадарёро ҳам танқид кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.