Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп ҳамдардӣ изҳор намуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп дар робита ба кушторҳои оммавӣ дар ин кишвар барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла қайд мешавад, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон бар асари силсилаи амалҳои хушунатомез дар ИМА […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп дар робита ба кушторҳои оммавӣ дар ин кишвар барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқия аз ҷумла қайд мешавад, ки “хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани даҳҳо шаҳрвандон бар асари силсилаи амалҳои хушунатомез дар ИМА боиси андуҳи бепоёни ин ҷониб гардид”.

“Дар иртибот ба ин зуҳуроти манфури зӯроварӣ ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба Шумо ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастам», – омадааст дар барқияи Эмомадлӣ Раҳмон.

Ёдрас мекунем, ки зимни тирпарронӣ дар шаҳри Дейтон, штати Огайо 9 нафар ҳалок ва дастикам 27 тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ин дуюмин куштори оммавӣ тайи як шабонарӯз дар ИМА буд. Рӯзи 3 август дар шаҳри Эл-Пасо (штати Техас), ки бо Мексика ҳамсарҳад аст, тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа 20 нафар ҳалок ва боз 26 каси дигар осеб диданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.