Медали навбатии муштзан Баҳодур Усмонов аз Доғистон

Муштзани маъруфи кишвар, чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов дар 21-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов сазовори медали нуқра гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, XXI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов бо иштироки беш аз 150 варзишгар аз 21 давлат дар Каспийски Доғистон сурат гирифт. Гуфта мешавад, Баҳодур […]

Муштзани маъруфи кишвар, чемпиони Осиё Баҳодур Усмонов дар 21-ум Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов сазовори медали нуқра гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, XXI мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Муҳаммад-Салом Умахонов бо иштироки беш аз 150 варзишгар аз 21 давлат дар Каспийски Доғистон сурат гирифт.

Гуфта мешавад, Баҳодур Усмонов дар вазни 64 кило бар се муштзани кишвари мизбон – Курбан Курбанмагамедов, Рашид Янгазиев, Дмитрий Кужков ва намояндаи Тунис Акрам Ҳаҷ Аовива дастболо гардида, ба финал роҳ ёфт, вале дар рақобати ниҳоӣ аз намояндаи дигари кишвари мизбон Гусейн Магамедов мағлуб гардида, ҷои дуюмро ишғол намуд.

Зикр мегардад, ки 5 варзишгари дигари мо – Шермуҳаммад Рустамов (49кг), Бахтовар Сагизов (56кг), Наврӯз Ҷафоев (75кг), Далерҷон Сулаймонов (91кг) ва Сиёвуш Зуҳуров (+91) дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд.

Ёдрас мешавад, ки Баҳодур Усмонов моҳи апрели соли равон дар Чемпионати Осиё ва ду мусобиқаи байналмилалӣ дар Бишкек (Қирғизистон) ва Атирау (Қазоқистон) сазовори се медали тилло, дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон соҳиби медали биринҷӣ гардида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.