СММ: Тӯли 7 сол 1,5 ҳазор нафар тоҷикистониён ба сафҳои Давлати исломӣ пайвастанд

Asia-Plus

Дар қисмати шимолу шарқи Сурия тӯли ним сол тақрибан 2 000 нафар шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боздошт шудаанд. Аз оғози соли равон 524 нафари онҳо, ки қариб ҳамаашон занону кӯдакон мебошанд, ба Қазоқистон, 156 нафар – ба Ӯзбекистон ва 84 нафар – ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд, лекин шумори ҷангиёни террорист аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сурия ва Афғонистон кам намешавад, хабар медиҳад Хадамоти иттилоотии СММ.

Дар гузориши нави Дабири кулли СММ дар бораи таҳдиди нави Давлати исломӣ барои амнияти байнулмилалӣ қайд мешавад, ки аз соли 2012 ҳудуди 1 500 нафар ҷангиён аз Тоҷикистон ва тақрибан ҳамин шумор шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сафҳои гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд.

“Кишварҳои минтақа аз зуҳури ҷангиён ва ҷонибдорони террористон, ки онҳоро ҷалб намуда, барои дар ватан монданашон фармоиш медиҳанд, нигаронанд. Соли 2019 дар натиҷаи амалиёти муштараки хадамоти махсус дар минтақа 26 узви Давлати исломӣ боздошт шуданд, ки баъзе аз онҳо бозгаштагон аз минтақаи низоъ буданд”, – омадааст дар гузориши Дабири кулли СММ.

Гуфта мешавад, дар интернет бо забони мардуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маводи таблиғотӣ паҳн шуда, он ба ҷалбу кирои онҳо ва дар кишварҳои минтақа таъсис додани гурӯҳҳои Давлати исломӣ кумак мекунад.

Зикр мешавад, бисёре аз ҷангиён пеш ё баъди анҷоми амалиёти охирин ба мавҷи шахсони маҷбурӣ аз ин минтақа кӯчида ҳамроҳ шуда, дар урдӯгоҳу марказҳои нигаҳдорӣ дар шимолу шарқи Сурия қарор доранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ҷангиёни Давлати исломӣ бо шумули чанде аз фаромндеҳони олӣ дар минтақаҳое низ паноҳгоҳ ёфтаанд, ки задухӯрдҳо дар он ҷойҳо то ҳол идома дорад.

Дар гузориши Дабири кулли СММ таҳлилу баррасии хатарҳо дар ҳамаи минтақаҳои саросари ҷаҳон манзур шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.