СММ: Тӯли 7 сол 1,5 ҳазор нафар тоҷикистониён ба сафҳои Давлати исломӣ пайвастанд

Дар қисмати шимолу шарқи Сурия тӯли ним сол тақрибан 2 000 нафар шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боздошт шудаанд. Аз оғози соли равон 524 нафари онҳо, ки қариб ҳамаашон занону кӯдакон мебошанд, ба Қазоқистон, 156 нафар – ба Ӯзбекистон ва 84 нафар – ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд, лекин шумори ҷангиёни террорист аз кишварҳои Осиёи […]

Asia-Plus

Дар қисмати шимолу шарқи Сурия тӯли ним сол тақрибан 2 000 нафар шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил боздошт шудаанд. Аз оғози соли равон 524 нафари онҳо, ки қариб ҳамаашон занону кӯдакон мебошанд, ба Қазоқистон, 156 нафар – ба Ӯзбекистон ва 84 нафар – ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд, лекин шумори ҷангиёни террорист аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сурия ва Афғонистон кам намешавад, хабар медиҳад Хадамоти иттилоотии СММ.

Дар гузориши нави Дабири кулли СММ дар бораи таҳдиди нави Давлати исломӣ барои амнияти байнулмилалӣ қайд мешавад, ки аз соли 2012 ҳудуди 1 500 нафар ҷангиён аз Тоҷикистон ва тақрибан ҳамин шумор шаҳрвандони Ӯзбекистон ба сафҳои гурӯҳҳои террористӣ пайвастаанд.

“Кишварҳои минтақа аз зуҳури ҷангиён ва ҷонибдорони террористон, ки онҳоро ҷалб намуда, барои дар ватан монданашон фармоиш медиҳанд, нигаронанд. Соли 2019 дар натиҷаи амалиёти муштараки хадамоти махсус дар минтақа 26 узви Давлати исломӣ боздошт шуданд, ки баъзе аз онҳо бозгаштагон аз минтақаи низоъ буданд”, – омадааст дар гузориши Дабири кулли СММ.

Гуфта мешавад, дар интернет бо забони мардуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ маводи таблиғотӣ паҳн шуда, он ба ҷалбу кирои онҳо ва дар кишварҳои минтақа таъсис додани гурӯҳҳои Давлати исломӣ кумак мекунад.

Зикр мешавад, бисёре аз ҷангиён пеш ё баъди анҷоми амалиёти охирин ба мавҷи шахсони маҷбурӣ аз ин минтақа кӯчида ҳамроҳ шуда, дар урдӯгоҳу марказҳои нигаҳдорӣ дар шимолу шарқи Сурия қарор доранд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ҷангиёни Давлати исломӣ бо шумули чанде аз фаромндеҳони олӣ дар минтақаҳое низ паноҳгоҳ ёфтаанд, ки задухӯрдҳо дар он ҷойҳо то ҳол идома дорад.

Дар гузориши Дабири кулли СММ таҳлилу баррасии хатарҳо дар ҳамаи минтақаҳои саросари ҷаҳон манзур шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.