Ҷавони истаравшанӣ аз ғояти рашк занашро дар таксӣ кушт

Бино ба иттили маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз рӯи далели куштор бо бераҳмии махсус кормандони милитсия марди 26-солаи шаҳри Истаравшанро боздошт намудаанд. “Номбурда аз сабаби муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсараш, зани 25-соларо, ки аз беморхонаи марказӣ ба хонааш бармегашт, дар дохили автомашинаи кирокаш (таксӣ) бо корд 10-маротиба ба узвҳои баданаш задааст”, – омадааст дар хабари […]

Asia-Plus

Бино ба иттили маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз рӯи далели куштор бо бераҳмии махсус кормандони милитсия марди 26-солаи шаҳри Истаравшанро боздошт намудаанд.

“Номбурда аз сабаби муноқишаи оилавӣ ва рашк ҳамсараш, зани 25-соларо, ки аз беморхонаи марказӣ ба хонааш бармегашт, дар дохили автомашинаи кирокаш (таксӣ) бо корд 10-маротиба ба узвҳои баданаш задааст”, – омадааст дар хабари ВКД.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Соли гузашта дар қаламрави Тоҷикистон 86 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта шуда, аксрияти онҳо дар заминаи ҷанҷолу муноқишаҳои оилавӣ сурат гирифтаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.