Фестивали таронаҳои дӯстии “Дастархони суғдӣ” дар Хуҷанд

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи таҷлили 85-солагии аз чоп баромадани нахустшумораи рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ гузаронида мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, фестивали мазкур бо мақсади таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ, рушду нумӯи […]

Asia-Plus

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дар доираи таҷлили 85-солагии аз чоп баромадани нахустшумораи рӯзномаи вилоятии “Согдийская правда” моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ гузаронида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, фестивали мазкур бо мақсади таҳким бахшидан ба арзишҳои фарҳангӣ, рушду нумӯи минбаъдаи санъати мусиқӣ, густариши робитаҳои миллату халқиятҳои ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷи дур, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав доир хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дар фестивал иштироки ҳунармандони соҳаи эстрада, бахусус ҷавонон, ҳамчунин санъаткорон – меҳмонон аз давлатҳои Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ба ғолибону иштирокчиёни Фестивали байналмилалии таронаҳои дӯстӣ таҳти унвони “Дастархони суғдӣ” аз тарафи кумитаи тадорукот Диплом ва туҳфаҳои хотиравии ҳукумати вилояти Суғд тақдим мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.