Баррасии ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар Анқара

Дар Анқара рӯзи 5 август ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба кори худ оғоз намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раиси Комиссия, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода раҳбарӣ намуд. Гуфта мешавад, дар рафти ин нишаст ҳайатҳои корӣ масъалаҳои […]

Asia-Plus

Дар Анқара рӯзи 5 август ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба кори худ оғоз намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҷаласа раиси Комиссия, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода раҳбарӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар рафти ин нишаст ҳайатҳои корӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни ду кишварро баррасӣ карданд.

Зимнан зикр мегардад, ки Неъматулло Ҳикматуллозода дар чаҳорчӯби ин нишаст аз Парки фанноварӣ ва навоварии шаҳри Анқара дидан намуда, дар бораи имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои мавриди эҳтимоми тарафайн бо роҳбарияти он парк табодули афкор намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.