Ихроҷ ба муҳлати 5 сол. Шаҳрванди Тоҷикистон аз хизмати ҳарбӣ дар Русия паноҳ бурдааст

Судиҷрочиён шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистонро, ки аз хизмати ҳарбӣ дар Чувашия паноҳ мебурдааст, аз Русия хориҷ карданд, хабар медиҳад Раёсати минтақавии Хадамоти федералии судиҷрочиён дар Ҷумҳурии Чувашия. Ин гуна қарори суд бар асоси риоя накардани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия “Риоя нашудани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош (иқомат) дар Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ […]

Asia-Plus

Судиҷрочиён шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистонро, ки аз хизмати ҳарбӣ дар Чувашия паноҳ мебурдааст, аз Русия хориҷ карданд, хабар медиҳад Раёсати минтақавии Хадамоти федералии судиҷрочиён дар Ҷумҳурии Чувашия.

Ин гуна қарори суд бар асоси риоя накардани меъёрҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия “Риоя нашудани қоидаҳои вуруд ба Русия ё реҷаи будубош (иқомат) дар Русия аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ” содир шудааст.

Дар мурофиаи судӣ шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ӯ дар ватан ҳамроҳи волидону бародар ва хоҳараш зиндагӣ карда, дар Русия наздикону пайвандон, ҳамчунин ҳеҷ гуна амволе надорад, лекин бо қарори ихроҷ розӣ нест, чунки дар Тоҷикистон ӯро метавонанд ба хизмати ҳарбӣ даъват намоянд.

Суд маводи парвандаро баррасӣ намуда, қарор кард, ки ба ин шахс дар шакли ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор рубл бо ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави Русия ҷазо таъин шавад ва акнун ин маънои онро дорад, ки панҷ соли наздик вуруд ба қаламрави Русия ба ин шаҳрванди Тоҷикистон манъ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.