Кумаки милитсияи сайёҳӣ ба ду нафар шаҳрвандони хориҷӣ

Asia-Plus

Шаҳрванди Италия Верни Освалдо Сомилои 60-сола тариқи телефон ба шуъбачаи милитсияи сайёҳии Шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД Тоҷикистон муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки дар роҳи Хуҷанд-Душанбе сумкаашро гум кардааст ва инчунин мототсиклаш низ вайрон шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, кормандони милитсияи сайёҳӣ ба Верни Освалдо Сомило ёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ расонида, мототсикли ӯро ва то гузаргоҳи сарҳадии шаҳри Панҷакент бо автомашинаи хизматӣ бурда расониданд.

Милитсияи сайёҳӣ ҳамчунин ба шаҳрванди Австралия Алфредо Стефан Ричарди 45-сола низ кумак кард, ки дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ бо дучарха ба санг бархӯрда, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта буд.

Гуфта мешавад, номбурда оид ба садама дучор шуданаш ба милитсияи сайёҳии Тоҷикистон тавассути телефон муроҷиат намуда, кӯмак хост.

“Кормандони шуъбача фавран кормандони милитсияи сайёҳӣ дар ВМКБ-ро ба ҷои ҳодиса сафарбар ва ба ӯ ёрии таъҷилӣ расонида шуда, бо автомашинаи милитсияи сайёҳӣ ӯ нахуст ба шаҳри Хоруғ оварда мешавад ва сипас бо дастгирии милитсияи сайёҳӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд”, – омадааст дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки сайёҳони хориҷӣ ба кормандони милитсияи сайёҳӣ барои кӯмак ва дастгирӣ самимона миннатдорӣ изҳор намуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...