Сомонаи «Азия-Плюс» ҳатто тариқи VPN дастнорас аст. Сабаб чист?

Asia-Plus

Шурӯъ аз дирӯз, 19 август дар дастрасӣ ба портали “Азия-Плюс” тавассути доменҳои news.tj ва asiaplus.tj мушкилӣ пайдо шуд.

Бисёре аз корбарони сомона изҳор мекунанд, ки ба он ҳатто тариқи VPN дастрасӣ пайдо карда наметавонанд. Зимни расидагӣ ба ин масъала маълум шуд, ки ин ҷо ноқиси техникӣ ҷой доштааст.

Ба ширкати фароҳамсози интернет (интернет-провайдер)-амон муроҷиат кардем. Он дар навбати худ дар мактуби махсус дар бораи хатои мақомоти давлатӣ – воҳиди шомил ба Хадамоти алоқа, ки минтақаи доменнии TJ-ро танзим мекунад, огоҳ намуд.

Субҳи имрӯз низ ба ин шуъба занг зада, шарҳи мушкилро дархост намудем. Ваъда доданд, ки нимаи дуюми имрӯз ин камбудиро бартараф мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, тариқи VPN домени эҳтиётии мо – asiaplustj.info дастрас аст. То бартараф кардани хатогии техникӣ метавонед аз он истифода баред. Ҳамчунин аз канали мо дар Telegram https://t.me/asiaplus ва дар Viber https://viber.com/asia-plus.

Хабарҳоро ҳамчунин дар канали мо дар  Фейсбук низ дарёфт карда метавонед: https://www.facebook.com/newstj/

Ба Дзен-канали мо буна шавед

https://zen.yandex.ru/id/5b518f959a626100a922458a

Ва ба канал дар Инстаграм

https://www.instagram.com/asiaplustj/

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...