ҶСП «ТАЛКО Голд» дар як сол 2,2 тонна тилло истеҳсол мекунад

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи “ТАЛКО голд” барои журналистон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» дар ноҳияи Айнӣ саёҳати иттилоотӣ (press tour) ташкил кард.

Тавре ба журналистон хабар доданд, анҷоми сохтмони комплекси истеҳсолӣ дар кони “Кончоч”-и ҶСП “Талко Голд” моҳи марти соли 2020 дар назар аст.

“То имрӯз аз 25 километр ҳудуди 7 километр нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металлҳо канда шудааст. Сохтмони фабрикаи поксозӣ бо иқтидори 5 ҳазор тонна дар як шабонарӯз ва иншооти ёридиҳанда аз қабили анбору хати интиқоли барқи 10 К ва 110 Кв бо масофаи 36 километр, роҳҳои автомобилгард, заҳбури обпарто бо масофаи 4,5 киломтр, шаҳрак ва дигар иншооти таъиноти иҷтимоиву маишӣ босуръат идома дорад”, – хабар дод директори генералии ҶСП “ТАЛКО Голд” Ли Фэн.

Ҳаҷми умумии сармоягузории ҶСП “ТАЛКО Голд” 200 млн. долларро ташкил медиҳад. Саҳҳомон КВД “Ширкати алюминии тоҷик” ва Ҷамъияти саҳҳомии Чин «Ширкати саноати маъдани тибетии Хуаюй» буда, ҳар кадоме дорои 50%-и саҳмия дар сармояи оинномаи Ҷамъият мебошанд.

ҶСП «Талко Голд» дар заминаи маъдани кони Кончоч бунёд мегардад. Ин кон аз се қитъа Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон иборат аст. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла сурма қариб 265 ҳазор тонна, тилло ҳудуди 50 тонна, флюорит – беш аз 70 ҳазор тонна, нуқра беш аз 59 ҳазор тонна, симоб 1197 тонна ба қайд гирифта шудааст.

Ба журналистон ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки металлҳои истихроҷшуда дар Тоҷикистон то маҳсулоти ниҳойӣ коркард мешаванд.

“ҶСП “ТАЛКО Голд” айни замон ҷараёни лоиҳакашии коркарди консентрати тиллову сурмаро то маҳсулоти ниҳоӣ – сиккаҳои тилло ва сурма амалӣ карда истодааст, ки аз ҳисоби сохтмон ва мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи нави металлургӣ таъмин шуда метавонад. Иқтидори корхонаи нави металлургӣ 300 тонна дар як рӯзро ташкил хоҳад дод”, – хабар дод котиби матбуотии ТАЛКО Игор Сатторов.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар мавриди ҷалби сармоягузориҳои иловагӣ ба маблағи наздики 50 млн. доллар барои лоиҳакашӣ ва сохтмони корхонаи нав тадбирҳо андешида мешаванд.

“Дар назар аст, ки корхонаи мазкур бузургтарин дар Осиёи Марказӣ оид ба коркарди консентрати сурма мешавад. Пас аз амалисозии лоиҳа ҳаҷми солонаи истеҳсоли тилло 2,2 тонна, сурма – 15 ҳазор тонна ва сурмаи сафед 6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ҳаҷми сурмаи истеҳсол мешуда ба беш аз 10% аз истеҳсоли ҷаҳонии он дар сол баробар хоҳад шуд”, – қайд кард Игор Сатторов.

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида «ТАЛКО Голд» корхонаи фаръии Ширкати алюминии тоҷик мебошад. Барои коркарди як гурӯҳи конҳои тилло дар қаламрави ноҳияи Айнии вилояти Суғд ширкат аввали соли 2016 иҷозатнома гирифта буд.

Ҳанӯз моҳи июни соли 2015 ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи дастгирии давлатии солимгардонии вазъи иқтисодии ТАЛКО»-ро қабул кард. Дар чаҳорчӯби ин барнома, раҳбарияти ширкат ба ҳукумат пешниҳод кард, ки гурӯҳи конҳои «Канчоч» дар ноҳияи Айнӣ ба истифодаи ширкат дода шавад.

Моҳи декабри ҳамон сол ширкат иҷозатнома гирифт, ки мувофиқи он ба ТАЛКО барои истифода аз ин конҳо дар муддати 25 сол ҳуқуқ дода шуд. Ин конҳо дар ноҳияи Айнӣ воқеъ буда, аз захираҳои зиёди тиллову нуқра, симоб, сурма ва дигар металлҳо иборатанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...