Мусодираи беш аз ним тонна шираи камол аз сокини Вахш

Дар ҷараёни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия автомашинаи тамғаи Opel Vectra-ро дар шаҳри Бохтар таҳти идораи сокини 52-солаи ноҳияи Вахш боздошт намуданд. Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни азназаргузаронии автомашина аз он 21 зарф ва халтаҳо бо шираи камол дарёфт мешаванд. Гуфта мешавад, тибқи хулосаи экспертизаи кимиёвию фармасевтӣ, маводҳои гирифташуда, ба маводи […]

Дар ҷараёни баргузор намудани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия автомашинаи тамғаи Opel Vectra-ро дар шаҳри Бохтар таҳти идораи сокини 52-солаи ноҳияи Вахш боздошт намуданд.

Тавре дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни азназаргузаронии автомашина аз он 21 зарф ва халтаҳо бо шираи камол дарёфт мешаванд.

Гуфта мешавад, тибқи хулосаи экспертизаи кимиёвию фармасевтӣ, маводҳои гирифташуда, ба маводи шираи сахтшудаи “камоли бадбӯй” мансуб буда, дар маҷмӯъ вазни холиси онҳо 527 килограмму 500 граммро ташкил медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯйи ин далел мутобиқаи моддаи 234 (Ғайриқонунӣ буридани дарахт  ва буттаҳо)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Ба ӯ дар ҳаҷми 55 ҳазор сомонӣ ҷарима таҳдид мекунад.

Камол растании бисёрсола буда, дарозии пояаш то 3 метр мерасад. Решаааш ғафси сергӯшт, пояаш дарунковок. Гулаш зард ё зарди сафедча, тухмаш байзашакл буда, аз ду нима иборат аст. Дар вақти буридани решааш зифт (шира) ҳосил мекунанд, ки бӯи сир дошта, мазааш турши тез аст.

Дар Тоҷикистон қариб 40 намуди камол маълум аст. Дар тиб доруҳои аз камол ҳосилшударо барои табобати бемориҳои дил, меъда, истерия, неврозҳо, сил, илтиҳоби ғадудҳои лимфагузар истифода мебаранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.