7 довталаб ба иллати бемории чашм ба Донишгоҳи тиббӣ қабул нашуданд

Бинобар сабаби беморӣ қабули 44 нафар довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рад шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд, рад шудани қабули ин шумор донишҷӯён мувофиқи қарори ҳукумат аз соли гузашта сурат гирифтааст. Ба ин қарор рӯйхате бо зикри 50 беморӣ замима шудааст, ки қабули довталабони гирифтори чунин бемориҳо ба муассисаҳои тиббӣ […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Бинобар сабаби беморӣ қабули 44 нафар довталабон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон рад шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд, рад шудани қабули ин шумор донишҷӯён мувофиқи қарори ҳукумат аз соли гузашта сурат гирифтааст.

Ба ин қарор рӯйхате бо зикри 50 беморӣ замима шудааст, ки қабули довталабони гирифтори чунин бемориҳо ба муассисаҳои тиббӣ манъ мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, ошкор шудааст, ки аксари ин донишҷӯён ба бемории далтонизм (як хел иллати чашм, ки мубталои он баъзе рангҳоро фарқ карда наметавонад) гирифтор будаанд.

“Зимни аз муоина гузаштан дар комиссияи махуси тиббии назди донишгоҳ дар 37 нафар довталабон ҳамин беморӣ ва дар боқимонда гепатити “В” ошкор шуда, чун ин бемориҳо дар рӯйхат зикр шудаанд, таҳсили онҳо дар донишгоҳи тиббӣ манъ аст. Ҳарчанд баллҳои бархе аз онҳо хеле баланд бошад ҳам, мо онҳоро қабул карда наметавонем”, – хабар дод як манбаъ дар донишгоҳ.

Зимнан зикр шуд, ки ҳангоми интихоби муассисаи таълимии самти тиббӣ дар Маркази миллии тестӣ довталабонро дар бораи амал доштани чунин қарор огоҳ мекунанд, лекин шояд худи онҳо аз бемориашон хабар надоранд ё ин ҳолатро нодида мегиранд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.