Истироҳат дар “Кӯли Душанбе” чанд пул меистад?

“Кӯли Душанбе” маҷмааи истироҳатӣ буда, дар ҷойи пештараи Кӯли Варзоб дар майдони 15 гектар сохта шудааст. Мо тасмим гирифтем, ки ба масъалаҳои дар бораи чӣ гуна дар он истироҳат кардан ва мутаносибан нархҳои хизматгузориҳои он рӯшанӣ андозем. Аз 31 август то охири мавсим сокинону меҳмонони Душанбе метавонанд аз “Кӯли Душанбе” боздид намоянд. Боғ бидуни истироҳат […]

Абдулло Ғурбатӣ, Asia-Plus

“Кӯли Душанбе” маҷмааи истироҳатӣ буда, дар ҷойи пештараи Кӯли Варзоб дар майдони 15 гектар сохта шудааст.

Мо тасмим гирифтем, ки ба масъалаҳои дар бораи чӣ гуна дар он истироҳат кардан ва мутаносибан нархҳои хизматгузориҳои он рӯшанӣ андозем.

Аз 31 август то охири мавсим сокинону меҳмонони Душанбе метавонанд аз “Кӯли Душанбе” боздид намоянд. Боғ бидуни истироҳат кор мекунад. Воридшавӣ барои кӯдакони қадашон то 140 см ва шахсони синни аз 50-сола боло бепул аст. Барои шахсони калонсоли дигар синнусол нархи воридшавӣ – 120 сомонӣ ва кӯдакон – 50 сомонӣ муқаррар шудааст.

Бо маблағи билети воридшавӣ метавон бидуни маҳдудият аз шиногоҳ (пляж), кӯл, зонт истифода бурда, аз боғи ҳайвонот боздид намуд. Ғайр аз ин, боз дигар хизматгузориҳои зерини пулакӣ низ мавҷуданд: вейкбординг, Flybord, катамаранҳо, фудкорт, майдонҳои варзишивуистироҳатӣ ва ғайра.

Дар бораи нархи номгӯи ҳамаи хизматгузориҳо маъмурияти боғ ба “Азия-Плюс” маълумот надода, лекин бо ҳамаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ метавон тариқи саҳифаашон дар Facebook ба онҳо муроҷиат намуд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.