Боздошти 80 нафар муҳоҷирони тоҷик дар Владимир. Ба онҳо ихроҷ таҳдид мекунад

Asia-Plus

Дар ҷараёни рейдҳо дар шаҳри Владимири Русия 200 нафар муҳоҷирон боздошт шудаанд, ки 80 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов.

Бино ба гуфтаи ӯ, онҳо охири ҳафтаи гузашта дар минтақаи саноатӣ, ки дар он таваққуфгоҳи мошинҳо (гараж) ва коргоҳу анборҳо воқеанд, боздошт шудаанд.

“Мо бо мақомоти ваколатдор оид ба муҳоҷирати шаҳри Владимир дар тамос шудем. Далели боздшти муҳоҷирони тоҷикро зимни рейдҳо ба мо тасдиқ карданд. Қайд карданд, ки онҳо барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи будубош дар қаламрави Русия боздошт шудаанд”, – хабар дод Аҳмадов.

Ӯ қайд кард, ки диаспораи тоҷикон дар вилояти Владимир низ аз ин ҳодиса огоҳ буда, кумак расонида истодаанд.

“Мо ва диаспора баҳри кумак ба ин муҳоҷирон омодаем, айни замон ҳамаи ҳолатҳоро омӯхта истодаем. Агар онҳо дарвоқеъ ҳам қонунро риоя накарда, ғайриқонунӣ кор мекардаанд, ба онҳо ихроҷ аз қаламрави Русия таҳдид мекунад. Мутаассифона, дар ин ҳолат мо ба ҳеҷ гунае ба онҳо кумак карда наметавонем. Агар далелҳои боздошти ғайриқонунии онҳо тасдиқ шавад, ба шаҳрвандон ҷиҳати дарёфти адолат кумак мекунем”, – изҳор дошт Иброҳим Аҳмадов.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ бо истинод ба гуфтаҳои муҳоҷири тоҷик дар Владимир хабар медиҳад, ки миёни 80 нафар боздоштшудагон 18 нафарашон зодагони деҳаи Урметани ноҳияи Айнии вилояти Суғд мебошанд.

"Шароиташон дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ хуб нест. Ҳатто барояшон ғизо бурда намешавад. Гуфтанд, ки барояшон худатон билети ҳавопаймо харед. Мо ҳозир барои шаш нафар мехоҳем билет харем, ки ба ватан баргарданд," – гуфтааст манбаи радио.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...