Агентии омор: Нишондодҳои бахши сайёҳӣ дар 3 моҳ як бор нашр мешавад

Asia-Plus

Агентии омори назди президенти Тоҷикистон сабаби дар гузориши охиринаш “Вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон” нашр нашудани нишондодҳои бахши сайёҳиро шарҳ дод.

“Гап сари он аст, ки мувофиқи барномаи корҳои оморӣ, коркарди нишондодҳо доир ба бахши сайёҳӣ дар 3 моҳ як маротиба нашр мешавад, на ҳар моҳ”, – қайд шудааст дар шарҳи ба идораи “Азия-Плюс” расидаи Агентӣ.

Қобили зикр аст, ки дар сомонаи “Азия-Плюс” рӯзи 5-уми сентябр маводе нашр шуд, ки дар он оид ба мавҷуд набудани гӯшаи маълумот дар бораи бахши сайёҳӣ дар гузориши ҳармоҳаи Агентии омор сухан мерафт.

Гӯшаи сайёҳӣ дар ҳисоботи Агентии омор моҳи июни ҳамин сол пайдо шуда, акнун он вуҷуд надорад.

Қаблан ВАО-и Тоҷикистон чандин маротиба рақамҳоро дар бораи боздиди шумори сайёҳон аз Тоҷикистон зери шубҳа гузошта буданд.

Охири моҳи апрели соли равон роҳбари Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода ба вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, ки танҳо давоми се моҳи соли ҷорӣ 215 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Агентии омор дар ҳисоботи моҳи июнаш зикр кард, ки нимсолаи аввали соли равон 604,2 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсадҳои гуногун аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Зикр гардида буд, ки шумори назарраси шаҳрвандони хориҷӣ – 524,8 ҳазор нафар (86,9% аз шумори умумӣ) бо корҳои шахсӣ ва ҳамагӣ 23,7 ҳазор нафар (3,9%) бо мақсади сайру саёҳат аз Тоҷикистон боздид кардаанд.

Вале баъд аз чанде Агентии омор қайд кард (на дар ҳисобот, балки шифоҳӣ ба рӯзноманигорон), ки қариб ҳамаи хориҷиёни ба Тоҷикистон меомада сайёҳон буда, шумори умумии онҳо дар нимсолаи аввал на 23 ҳазор, балки 604 ҳазор нафарро ташкил додааст…

Ёдрас мекунем, ки бо фармони президенти мамлакат солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.