Бунёди иншооти энергетикӣ ба маблағи $2,4 млрд. дар солҳои соҳибистиқлолӣ

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон айни замон 9 лоиҳаи энергетикӣ ба маблағи умумии беш аз 1,1 млрд. доллар амалӣ мешавад. Дар ин бора Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ояндаи наздик татбиқи боз 6 лоиҳа оғоз мегардад, ки арзиши умумии онҳо 212 млн. долларро ташкил дода, феълан корҳои зарурӣ барои дарёфти сармоягузорӣ ва интихоби паймонкорон ҷараён дорад.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 25 лоиҳа ба маблағи умумии 2,4 млрд. доллар дар бахши энергетика амалӣ шудааст.

Аз ҷумла, НБО “Сангтӯда-1” (670 МВт) ва НБО “Сангтӯда-2” (220 МВт), Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” (400 МВт), нерӯгоҳҳои хурд (бо иқтидори умумии 30 МВт), ҳамчунин хатҳои интиқоли барқи сершумор мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки дастоварди аз ҳама муҳим ва беназири соҳа – моҳи ноябри соли 2018 ба кор даромадани агрегати якуми НБО «Роғун» буда, рӯзҳои наздик агрегати дуюми ин нерӯгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Бунёди ин иншоот имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба дастрасии комил ба истиқлоли энергетикӣ ноил шуда, ба пешрафтҳои назаррас дар рушди соҳаҳои гуногун ва таъмини зиндагии шоиста даст ёбад.

Қобили зикр аст, ки маросими баҳрабардорӣ аз агрегати дуюми нерӯгоҳи Роғун рӯзи 9-уми сентябр, дар ҷашни 28-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар маросими тантанавии мазкур иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аъзои ҳукумат, вакилони парлумон, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе, ҳайати кормандони нерӯгоҳ ва намояндагони ВАО дар назар аст.

Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пас аз мавриди истифода қарор гирифтани тамоми 6 агрегаташ ҳамасола то 13,4 млрд. киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол хоҳад кард, ки ба коркарди солонаи қариб ҳамаи иқтидорҳои энергетикии мавҷудаи Тоҷикистон баробар аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.