Тоҷикистон истеҳсол ва содироти лифтҳои муосирро ба роҳ монданист

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба сармоягузорон лоиҳае пешниҳод кардааст, ки сохтмони корхонаи истеҳсоли лифтҳоро дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифтааст.

“Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа роҳандозии комлекси технологияи муосири истеҳсоли лифтҳо мебошад. Амалисозии он ба истеҳсоли лифтҳои муосир дар дохили кишвар ва содироти минбаъдаи онҳо имкон  медиҳад”, – зикр шудааст дар сомонаи Кумита.

Гуфта мешавад, нақшаи пешакии тиҷоратӣ аллакай таҳия шуда, омода кардани заминаи фанниву иқтисодии лоиҳа зарур аст.

Сармоягузори таваҷҷуҳдошта бояд 10 млн. доллар маблағгузорӣ кунад. Муҳлати амалисозии лоиҳа 3 сол муқаррар шудааст.

Иқтидори корхона истеҳсоли 3 ҳазор лифт дар як сол пешбинӣ гардидааст. Дар сурати бо чунин иқтидор мавриди истифода қарор гирифтани корхона, беш аз 250 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Барои сохтмони корхонаи мазкур 1,5 гектар замин ҷудо карда мешавад.

Ба сармоягузор имтиёзҳои сершумор, аз қабили озод кардан аз пардохти андозҳо ва боҷҳои гумрукӣ зимни воридсозии таҳҷизоти истеҳсолӣ-технологӣ, реҷаи махсуси иҷозатномадиҳӣ ва ғайра пешниҳод мегардад.

Сохтмони корхона дар наздикии роҳи мошингарди Душанбе-Кӯлоб ба нақша гирифта шуда, аз он то пойтахт 196 километр масофа хоҳад буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...