ВКД: ронандаи “Старекс”дар фавти ду наврас айбдор аст

Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳати сипаришуда аз садамаҳои нақлиётӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 5 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Аз ҷумла, ҳодисаи марговар шоми 8-уми сентябр рух дод.

Ронандаи автомашинаи Hyundai Starex ба автомашинаи Mercedes-Benz бархӯрда, он дар навбати худ пиёдагардони ноболиғро пахш кардааст.

“Ҳодисаи фоҷиабор рӯзи 8-уми сентябр тахминан соатҳои 20:50 дақиқа дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ (наздикии “Кохи Борбад”) рух дод. Ронандаи автомашинаи Hyundai Starex Ҷ.Эмомов дар сероҳаи И.Сомонӣ ба автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz таҳти идораи Авлоқулови 19-сола бармехӯрад. Дар натиҷа Mercedes-Benz пиёдагардони ноболиғ: Сиёвуши Зафари 15-сола, хонандаи синфи 9 ва Аюб Муҳиддинзодаи 17-сола, хонандаи синфи 11-ро пахш кардааст”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.

Гуфта мешавад, аз ҷароҳатҳои бардошта пиёдагардони ноболиғ дар роҳ ба бемористон ҳалок шудаанд.

“Ронандаи автомашинаи Mercedes-Benz Ф.Авлоқулов низ бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст. Ҳодисаи садамаи нақлиётӣ мавриди тафтиш қарор дорад”, – қайд мешавад дар маълумоти хадамоти матбуот.

Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи вазъи ронандаи автомашинаи Hyundai Starex маълумот намедиҳад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ҷасади ду навраси ҳалокшударо баъд аз зуҳри рӯзи 9-уми сентябр ба хок супурданд. . Волидони онҳо кормандони радиои “Садои Душанбе” ва Шабакаи аввали Тоҷикистон буда, дар бинои Кумитаи телевизион ва радио зиндагӣ мекарданд.

Маркази матбуоти ВКД ҳамчунин дар бораи 3 садамаи нақлиётии марговари дигар дар қаламрави кишвар рӯзҳои истироҳат хабар медиҳад.

Рӯзи 7-уми сентябр ронандаи автомашинаи Opel Astra Дилҷон Маллаеви 24-сола зимни ҳаракат дар қаламрави деҳаи Свердлови ноҳияи Кӯшониён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиётӣ набаромада, пиёдагарди 3-сола Фирӯзшо Мирзоевро пахш мекунад. Дар натиҷа писари хурдсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Дар дигар садамаи нақлиётӣ Гурез Назришоев ҳангоми идораи трактор бе ҳуҷҷати ронандагӣ дар қаламрави заминҳои кишти Селгараи ноҳияи Панҷ велосипедрони 9-сола Иброҳим Раҷабовро пахш кардааст, ки ӯ низ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст.

Рӯзи 9-уми сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи Opel Astra Муҳиддинҷон Саидов дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиётӣ набаромада, Шоира Абдураҳмоноваи 39-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса фавтидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...