Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯлоб 3 боғу 1 гулгаштро ифтитоҳ кард

Asia-Plus

Шоми рӯзи 10-уми сентябр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯлоб як қатор иншоотро мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президент аз Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид ба амал овард, ки дар майдони 9 гектар ҷойгир шудааст.

Боғ ҳамчунин аз он лиҳоз ҷолиб аст, ки дар он акнун Манораи Эйфел мавҷуд аст.

Сипас бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар шафати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб боғи фарҳангию фароғатии Хуталон мавриди истифода қарор гирифт.

Гуфта мешавад, оғози корҳои азнавсозию барқароркунӣ дар боғи мазкур моҳи феврали 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри 2019 бо сифати баланд ва тарҳи зебою муосир аз ҷониби КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон ба анҷом расидааст. Майдони боғ 5 гектарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Боғ дар масоҳати беш аз 3 гектар замин бунёд гардида, масоҳати 1,2 гектари боғ пурра сабзкорӣ шудааст. Дар атроф ва дохили сабзазор беш аз 150 ҳазор гулҳои мавсимию ороишӣ ва 300 бех арчаҳои гуногун шинонида шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маркази шаҳр гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро мавриди истифода қарор дод. Макони истироҳатӣ аз ҷониби Кумитаи андози ва Вазорати молия бунёд гардида, он дар масоҳати умумии 3 гектар доман густурдааст. Дарозии гулгашт 750 ва паҳноиаш 45 метр мебошад.

То ташриф ба Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Восеъ боздид намуд. Дар ин ҷо бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт расман оғоз бахшида шуд.

Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад. Мутобиқ ба лоиҳа дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, гузоштани 25 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ 8 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ ва сохтмони дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Роҳи мазкур бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Осиё таъмиру навсозӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...