Дар Ӯзбекистон зане ду тифли навзодро аз тирезаи таваллудхона ба берун партофт

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон зане тифли навзоди худро аз тиреази ошёнаи дуюми таваллудхона ба берун партофтааст. Тифл ба зан барои он писанд наомадааст, ки бо пойҳои каҷ ба дунё омадааст. Сипас барои рӯйпӯш кардани ҷиноят ӯ тифли навзоди зани дигарро низ ба берун мепартояд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон хабар медиҳад. Ин […]

Дар вилояти Намангони Ӯзбекистон зане тифли навзоди худро аз тиреази ошёнаи дуюми таваллудхона ба берун партофтааст. Тифл ба зан барои он писанд наомадааст, ки бо пойҳои каҷ ба дунё омадааст. Сипас барои рӯйпӯш кардани ҷиноят ӯ тифли навзоди зани дигарро низ ба берун мепартояд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Ин ҳодиса соати 3:30 дақиқаи рӯзи 9 сентябр рух додааст. Пас аз гузашти як соат тифлонро дарёфта ба шуъбаи эҳёгарӣ фиристодаанд, лекин ба табибон муяссар нагардидааст, ки онҳоро наҷот диҳанд.

Гуфта мешавад, ҳарду тифли навзоди духтарча дар як рӯз, як ҳафта пеш аз ин фоҷеа ба дунё омада, ҳамроҳи модаронашон дар як палата бистарӣ будаанд.

Мақомоти прокуратураи ноҳия нисбати зан бо моддаи “одамкушии барқасдона” ва нисбати шахсони масъули таваллудхона бо моддаи “ба таври бояду шояд иҷро накардани уҳдадориҳои касбӣ” парвандаҳои ҷиноятӣ боз кардааст.

Дар сурати исботи гуноҳ зан ба сифати маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол ё ҳукми ҳабси абад ва кормандони таваллудхона то 8 соли зиндон ҷазо гирифта метавонанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.