Ҷашни солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Кӯлоб

Date:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 11-уми сентябр дар чорабинии идона ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ кард.

Дар намоиши театришуда дар амфитеатри шаҳр ба ин муносибат қариб 6 ҳазор нафар иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон сокинон ва меҳмонони шаҳрро бо ҷашн табрику таҳният гуфта, дастовардҳои онҳоро дар кори ободонии Кӯлоб қайд кард.

ГАЛЛЕРЕЯ (17)

















Таъкид шуд, ки айни ҳол бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб татбиқи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, коммуналӣ ва кишоварзӣ идома ва то имрӯз корҳо ба маблағи қариб 120 млн. сомонӣ иҷро шудаанд.

Зикр гардид, ки тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва таъмиру азнавсозии қариб ҳазор иншоот пешбинӣ гардида, соли 2019 бунёду азнавсозии 271 иншоот ба нақша гирифта шудааст ва аз ин шумора дар 6 моҳи соли равон корҳо дар 65 иншоот ба анҷом расидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...