Ҷашни солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Кӯлоб

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 11-уми сентябр дар чорабинии идона ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ кард. Дар намоиши театришуда дар амфитеатри шаҳр ба ин муносибат қариб 6 ҳазор нафар иштирок карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон сокинон ва меҳмонони шаҳрро бо ҷашн табрику […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми 11-уми сентябр дар чорабинии идона ба ифтихори 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб иштирок ва суханронӣ кард.

Дар намоиши театришуда дар амфитеатри шаҳр ба ин муносибат қариб 6 ҳазор нафар иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон сокинон ва меҳмонони шаҳрро бо ҷашн табрику таҳният гуфта, дастовардҳои онҳоро дар кори ободонии Кӯлоб қайд кард.

Таъкид шуд, ки айни ҳол бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб татбиқи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, коммуналӣ ва кишоварзӣ идома ва то имрӯз корҳо ба маблағи қариб 120 млн. сомонӣ иҷро шудаанд.

Зикр гардид, ки тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва таъмиру азнавсозии қариб ҳазор иншоот пешбинӣ гардида, соли 2019 бунёду азнавсозии 271 иншоот ба нақша гирифта шудааст ва аз ин шумора дар 6 моҳи соли равон корҳо дар 65 иншоот ба анҷом расидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.