Вазорати маориф шакли электронии китобҳои дарсиро нашр кард

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шакли электронии ҳамаи китобҳои дарсиро аз синфи 1 то 11 барои таҳсил ба забони тоҷикӣ нашр кард. Ҳамаи китобҳои дарсии хушсифат дар шакли pdf боргирӣ мешаванд. «Китобҳои электронӣ дар сомонаи Вазорати маориф ва илм барои он хонандагоне ба пешниҳод шудааст, ки дар дастрасии онҳо мушкилӣ доранд”, – иброз дошт котиби матбуотии […]

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шакли электронии ҳамаи китобҳои дарсиро аз синфи 1 то 11 барои таҳсил ба забони тоҷикӣ нашр кард. Ҳамаи китобҳои дарсии хушсифат дар шакли pdf боргирӣ мешаванд.

«Китобҳои электронӣ дар сомонаи Вазорати маориф ва илм барои он хонандагоне ба пешниҳод шудааст, ки дар дастрасии онҳо мушкилӣ доранд”, – иброз дошт котиби матбуотии Вазорат Эҳсони Хушбахт.

Бино ба гуфтаи ӯ, шакли электронии китобҳоро дар сомонаи Вазорат – maorif.tj дар бахши “Китобҳои дарсӣ” метавон дарёфт кард.

Вай афзуд, ки рӯйхати китобҳои дарсӣ дар шакли электронӣ минбаъд иловаю навсозӣ мешавад.

Ба суол дар бораи чӣ гуна истифода кардани китобҳои электронӣ дар мактабҳое, ки дар онҳо истифодаи телефони ҳушманд ва планшет иҷоза нест, Эҳсони Хушбахт посух дод, ки “дар ин ҳолат хонандагон китобҳои электронӣ (PocketBook) ё планшетҳои махуси таълимиро бе дастрасӣ ба интернет ва дигар имконоти барои таълим нолозим бо худ гирифта метавонанд”.

Қобили зикр аст, ки айни замон бо китобҳои дарсӣ таъмин кардани хонандаи мактаб каме душвор шудааст, чунки ҳамасола сафи толибилмон афзуда, қариб дар ҳамаи мактабҳо камбуди китобҳои дарсӣ мушоҳида мешавад.

Агар барои фарзандатон аз китобхонаи мактаб китоб дарёфт накардед ё то ҳол ба харидани он фурсат наёфтед, дар маводи “Азия-Плюс” суроғаи ҷойҳои фурӯши китобҳои дарсӣ ва асбобу лавозимоти мактабиро дар Душанбе пайдо карда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.