Вазорати маориф шакли электронии китобҳои дарсиро нашр кард

Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон шакли электронии ҳамаи китобҳои дарсиро аз синфи 1 то 11 барои таҳсил ба забони тоҷикӣ нашр кард. Ҳамаи китобҳои дарсии хушсифат дар шакли pdf боргирӣ мешаванд.

«Китобҳои электронӣ дар сомонаи Вазорати маориф ва илм барои он хонандагоне ба пешниҳод шудааст, ки дар дастрасии онҳо мушкилӣ доранд”, – иброз дошт котиби матбуотии Вазорат Эҳсони Хушбахт.

Бино ба гуфтаи ӯ, шакли электронии китобҳоро дар сомонаи Вазорат – maorif.tj дар бахши “Китобҳои дарсӣ” метавон дарёфт кард.

Вай афзуд, ки рӯйхати китобҳои дарсӣ дар шакли электронӣ минбаъд иловаю навсозӣ мешавад.

Ба суол дар бораи чӣ гуна истифода кардани китобҳои электронӣ дар мактабҳое, ки дар онҳо истифодаи телефони ҳушманд ва планшет иҷоза нест, Эҳсони Хушбахт посух дод, ки “дар ин ҳолат хонандагон китобҳои электронӣ (PocketBook) ё планшетҳои махуси таълимиро бе дастрасӣ ба интернет ва дигар имконоти барои таълим нолозим бо худ гирифта метавонанд”.

Қобили зикр аст, ки айни замон бо китобҳои дарсӣ таъмин кардани хонандаи мактаб каме душвор шудааст, чунки ҳамасола сафи толибилмон афзуда, қариб дар ҳамаи мактабҳо камбуди китобҳои дарсӣ мушоҳида мешавад.

Агар барои фарзандатон аз китобхонаи мактаб китоб дарёфт накардед ё то ҳол ба харидани он фурсат наёфтед, дар маводи “Азия-Плюс” суроғаи ҷойҳои фурӯши китобҳои дарсӣ ва асбобу лавозимоти мактабиро дар Душанбе пайдо карда метавонед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...