Дар Ваҳдат модару писар зери чархи мошин монданд

Ронандаи автомашинаи тамғаи OPEL Vectra зан ва фарзанди ӯро дар роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ пахш кард. Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодисаи садамаи нақлиёт нимаи дуюми рӯзи 11-уми сентябр рух додааст. “Ронандаи автомашинаи тамғаи OPEL Vectra Гургилло Тоиров, сокини шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Ойгул Буттеваи […]

Asia-Plus

Ронандаи автомашинаи тамғаи OPEL Vectra зан ва фарзанди ӯро дар роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ пахш кард.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ин ҳодисаи садамаи нақлиёт нимаи дуюми рӯзи 11-уми сентябр рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи OPEL Vectra Гургилло Тоиров, сокини шаҳри Норак аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, Ойгул Буттеваи 36-сола ва писари 6-солаи ӯ Анис Мӯсоевро пахш мекунад, ки дар натиҷа аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта Анис дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД.

Гуфта мешавад, зан бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуда, ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст