Донишҷӯйи 60-сола: Орзуи деринтизор амалӣ шуд…

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Сокини ноҳияи Восеъ Сайвалӣ Латифов дар синни 60-солагӣ донишҷӯ шуд. Ӯ имсол тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ аз рӯйи ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ҳамчун довталаб ҳуҷҷат супорид. Аз имтиҳонот сарбаландона гузашта, айни ҳол дар шуъбаи ғоибонаи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳсил дорад.

Ӯ бо ҳамсабақони аз худаш 40 сол хурд дар курсии донишҷӯӣ нишаста, дарс мехонад. Сайвалӣ Латифов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки қаблан тасмим гирифта буд, соҳиби маълумоти олӣ шавад. Пас аз 41 соли хатми мактаби миёна барои амалисозии орзуи худ ҷаҳду талош карда, билохира ба номи донишҷӯ сазовор гардид. Вай афзуд, ки ба ин чандон бовар надошт, вале бахт ба рӯяш хандид.

Ин мард мегӯяд, рӯзҳои аввали дарс аз ҳамсабақони худ каме хиҷолат мекашид, чун онҳо хеле ҷавону пурэнержӣ буданд. “Баъдан одат кардам. Ба дарсҳо аз ҳама аввал ҳозир мешудам. Агар дар синфхона танҳо бошам, ягон донишҷӯй дарро боз карда, мепурсид: Устод, донишҷӯён куҷо рафтанд? Дар посух мегуфтам: О, ман худам донишҷӯям”, – бо ханда афзуд Латифов.

Номбурда соли 1978 мактаби миёнаро хатм кардааст, вале он замон барои гирифтани маълумоти олӣ кӯшиш накардааст. Танҳо баъд аз иштирок дар давраи омӯзишии кӯтоҳмуддат ва гирифтани гувоҳнома ӯро ба ҳайси омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Восеъ ба кор қабул кардаанд. Тӯли ҳашт сол аст, ки дар мактаб ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамсабақии ҷавонон рӯҳияи тоза бахшида, ягон душворӣ дар таҳсил надорад.

“Ҳамсабақон ва омӯзгорон бо ман муносибати самимӣ доранд. Баъзе муаллимон аз банда ҳам хурдсолтар мебошанд. То ҳол боварам намеояд, ки донишҷӯ ҳастам ва орзуям амалӣ шуд”, – мегӯяд Латифов.

Мавсуф соҳиби 8 фарзанд ва 9 набера мебошад. Ба гуфтаи ӯ, фарзандон ва аҳли хонавода аз тасмими падар истиқболи хуб карданд.

Солҳои охир мушоҳида мешавад, ки афроди синни гуногун талоши гирифтани маълумоти олиро доранд. Аз суҳбати онҳо бармеояд, ки мақсадашон рӯ овардан ба зиндагии шоиста ва гузоштани саҳми бештари худро дар рушди ҷомеа мебошад.

Ёдовар мешавем, ки имсол ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду довталаби калонсол ҳуҷҷатҳои худро пешинҳод карданд. Дар натиҷа Сайвалӣ Латифов бо холҳои бадастовардааш сазовори номи донишҷӯ гардид, аммо довталаби дигар – як хонум аз шаҳри Ҳисор дохил шуда натавонист.

Бино ба иттилои Маркази миллии тестӣ, соли гузашта нафари дигар – Меликмурод Қаландаров дар синни 60-солагӣ донишҷӯйи шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...