Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба ВАО-и Осиёи Марказӣ дар мубориза зидди иттилооти бардурӯғ

Комиссияи Аврупо бо мақсади пешгирии ифротгароии зӯроварона ва муқовимат ба тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ ба таври иловагӣ боз 4 миллион евро маблағ ҷудо намудааст. Комиссияи Аврупо бо мақсади пешгирии ифротгароии зӯроварона ва муқовимат ба тундгароӣ барои дастгирии воситаҳои ахбори омма (ВАО), созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони фаъоли Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба таври […]

Комиссияи Аврупо бо мақсади пешгирии ифротгароии зӯроварона ва муқовимат ба тундгароӣ дар Осиёи Марказӣ ба таври иловагӣ боз 4 миллион евро маблағ ҷудо намудааст.

Комиссияи Аврупо бо мақсади пешгирии ифротгароии зӯроварона ва муқовимат ба тундгароӣ барои дастгирии воситаҳои ахбори омма (ВАО), созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони фаъоли Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ба таври илова боз 4 миллион евро маблағ ҷудо намудааст.

Ҳадафи лоиҳаҳои нав аз кӯмаку дастгирӣ дар баргузории тренингҳо, боло бурдани сатҳи касбии  рӯзноманигорони маҳаллӣ, фаъолон ва кормандони масъули робита бо матбуот барои  интишори иттилооти пурмуҳтавою баландсифат иборат буда, инчунин барои бозтафтиши далелҳо бо мақсади ошкор кардани ахбори бардурӯғ замина фароҳам меоранд.

Чунин фаъолият, ки аз ҳисоби "Иқдоми Иттиҳоди Аврупо баҳри мусоидат ба сулҳу субот" маблағгузорӣ шуда, барои мубориза бар зидди иттилооти бардурӯғ, боло бурдани сатҳи огоҳии мардум ва ақаллиятҳо, омода намудани иттилооти ҷавобӣ ва вокуниш саҳмгузор хоҳад буд.

Кӯмаки имрӯз эълоншуда фаъолиятҳоеро, ки тавассути ҳамкориҳои қаблӣ бо созмони ғайриҳукуматии "Интернюз" оғоз шуда буданд, тақвият бахшида, ба пешрафти ҳамкориҳои минтақавӣ ва интишори муштараки иттилооти пурмазмуну воқеии марбут ба сулҳу субот мусоидат менамояд. Конфронси имрӯза дар назди “Фонди аврупоии дастгирии демократия” дар Брюссел дастовардҳо ва натиҷаҳои марҳилаи аввалро муаррифӣ ва рӯнамоӣ хоҳад кард.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.