Ширкати “Фароз” ихтиёрӣ барҳам дода мешавад?

ҶСП “Фароз” – яке аз ширкатҳои бузургтарини Тоҷикистон дар бораи ихтиёран барҳамдиҳиаш ба Кумитаи андоз хабар дод. Дар ширкат ба “Азия-Плюс” далели барҳамдиҳии ихтиёриро тасдиқ карданд, вале аз ифшои ҷузъиёти ин масъала худдорӣ варзиданд. “Дарвоқеъ, мо дар робита ба барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП бо ҳама воҳидҳои шомили он ба Кумитаи андоз ариза додем. Маълумоти муфассалро дар бораи ин […]

ҶСП “Фароз” – яке аз ширкатҳои бузургтарини Тоҷикистон дар бораи ихтиёран барҳамдиҳиаш ба Кумитаи андоз хабар дод.

Дар ширкат ба “Азия-Плюс” далели барҳамдиҳии ихтиёриро тасдиқ карданд, вале аз ифшои ҷузъиёти ин масъала худдорӣ варзиданд.

“Дарвоқеъ, мо дар робита ба барҳамдиҳии ихтиёрии ҶСП бо ҳама воҳидҳои шомили он ба Кумитаи андоз ариза додем. Маълумоти муфассалро дар бораи ин масъала ҳафтаи оянда нашр мекунем”, – хабар доданд дар ширкат.

Дар ҳамин ҳол, сомонаи расонаи мустақили “Ахбор” нусхаи мактуби ҶСП “Фароз”-ро ба унвони Кумитаи андоз нашр кардааст. Лекин дар он барҳамдиҳии Ҷамъият танҳо дар масъалаи фаъолияти ширкат дар самти воридот ва фурӯши яклухту чаканаи маводи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ сухан меравад.

“Бинобар ба рақобат тобовар набудан дар бозори сӯзишворӣ, аз ҷумла аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолкунанда мустақиман ворид гардидани маводи сӯзишворӣ ва ба тариқи чакана ба фурӯш баровардани онҳо дар бозори Тоҷикистон, баланд будани арзиши аслии маҳсулоти харидоришаванда, Ҷамъият имрӯз қобилияти рақобатпазирии худро дар бозори мамлакат аз даст додааст. Бар замми омилҳои зикргардида таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъсири манфии он ба минтақа боиси аз даст додани самаранокии молиявии фаъолияти Ҷамъият гардид”, – таъкид шудааст дар мактуб.

“Аз ин лиҳоз, маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъият ба қарор омад, ки тамоми дороиҳои Ҷамъиятро ба фурӯш бароварда, тибқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ барои барҳамдиҳии Ҷамъият ба мақомоти марбута муроҷиат намояд”, – омадааст дар фарҷоми нома.

ҶСП “Фароз” ширкати бисёрсоҳавиест, ки фаъолияти он бахшҳои гуногуни иқтисод, сар аз бозори хизматрасонӣ то саноати вазнинро дар бар мегирад.

Ширкат соли 2008 таъсис ёфта, дафтари асосии кориаш дар Душанбе фаъол аст. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва берун аз он намояндагиҳо ва филиалҳояш амал мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.