Мутахассис аз Сербия сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон таъин шуд

Asia-Plus

Рӯзи 12-уми сентябр маросими муаррифии сармураббии нави дастаи мунтахаби футзал (футболи хурд)-и Тоҷикистон мутахассиси Сербия Деян Дедович 46-сола доир гардид.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ӯ ҳамзамон вазифаи сармураббиро дар дастаи футзали “Сипар”-и Хуҷанд иҷро мекунад.

“Роҳбарӣ ба дастаи футзали Тоҷикистон барои ман санҷиши бузург аст, – гуфт Деян Дедович. – Сармураббии пешини даста Ҳусейн Шодиев ва мураббии мунтахаби ҷавонони то синни 20-солаи ҷумҳурӣ Эраҷ Носеҳов дар ситоди сармураббиён ба ман кумак мекунанд”.

Сармураббии нав гуфт, ки назди ӯ вазифа гузошта шудааст, бо дастаи Тоҷикистон ба даври финалии Чемпионати Осиё-2020 роҳхат гирад.

“Дар марҳилаи интихобӣ, ки аз 23 то 25 октябр дар Эрон баргузор мешавад, мо дар як гурӯҳ бо тимҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал бозӣ мекунем. Барои дарёфти роҳхат ба Чемпионати Осиё ба мо ду ғалаба зарур аст”, – иброз дошт ӯ.

Бино ба гуфтаи Дедович, ҳафтаи оянда омодагӣ ба бозиҳои дӯстона бо тимҳои АМА ва Баҳрайн оғоз мегардад, ки рӯзҳои 25-26 ва 29-30-юми сентябр мутаносибан дар Дубай ва Манама баргузор мешаванд. Барои иштирок дар онҳо ба дастаи мунтахаб 14 нафар бозигарон даъват мешаванд.

“Даҳ бозии охири мунтахаби футзали Тоҷикистонро таҳлил карда, ба Федератсияи футболи кишвар гузориш додам. Мо бояд тафаккури бозигарони дастаи мунтахабро тағйир диҳем, то ки дар онҳо рӯҳияи ғолибу комёб ташаккул ёбад”, – афзуд сармурабии нави мунтахаби футзали Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...