«Asian Express» равуои мусофиркашҳо ба шаҳри Турсунзодаро барқарор мекунад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Бо оғози соли нави хониш сокинони шаҳри Турсунзода, ки дар шаҳри Душанбе кору таҳсил мекунанд, ба мушкилии омадурафт ба ҷойи кору таҳсил дар пойтахт дучор шуданд, зеро равуои автобусҳо қатъ ва шумори мусофиркашҳои хурд кам гардида, таксиронҳо нархро боло бурданд.

Қобили зикр аст, ки тариқи шаҳри Турсунзода шаҳрвандони Ӯзбекистон низ ба Тоҷикистон меоянд ва онҳо низ ба ин мушклот рӯ ба рӯ мешаванд.

Хатсайрҳои қаблан роҳандозикардаи ширкати «Asian Express» аз Душанбе ба шаҳрҳои Тирмизу Деҳнави Ӯзбекистон интизороти мусофиронро қонеъ накарда, қатораи Душанбе-Пахтаобод аз сабаби ҷадвали номуносибаш писанди мардум нашуд.

Дар натиҷа нархи равуо (бо таксӣ аз Душанбе то Турсунзода ва пасон то марзи Ӯзбекистон) аз 10-15 сомонии пешин то 20-25 сомонӣ боло рафт.

Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Asian Express» ба “Азия-Плюс” хабар доданд, автобусҳое, ки бо сабабҳои техникӣ охири моҳи август ба хатсайр набаромаданд, аз 18-уми сентябр дубора ба равуо оғоз мекунанд.

“Нархи чиптаҳо тағйир наёфтааст – 8 сомонӣ ба як самт. Масофаи роҳи хатсайри Душанбе-Турсунзода 53 километрро ташкил медиҳад”, – гуфтанд дар ширкат.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон ба автобус аз пойтахт то гузаргоҳи “Дӯстӣ” дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон (масофааш зиёда аз 60 км) талабот вуҷуд дорад. “Ин масъала ҳам айни замон баррасӣ мешавад”, – афзуд намояндаи ширкат.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...