Аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон иҷозати фаъолият гирифт

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон ба аввалин бонки исломӣ дар кишвар – ҶСК “Тавҳидбонк” иҷозатномаи фаъолият дод.

“Дар марҳилаи нави рушди низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устувор нигоҳ доштани низоми бонкӣ, пешниҳоди маҳсулотҳои бонкдории исломӣ, ки таҷрибаи устувори пешгирикунандаи хавфҳои молиявиро дорад, метавонад маблағҳои озоди аҳолӣ ва сармоягузориҳои дарозмуддати мустақими хориҷиро ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намояд ва замина барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва низоми бонкии ҷумҳурӣ гардад”, – омадааст дар баёнияи шуъбаи матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки ҶСК “Соҳибкорбонк” бинобар табдил шуданаш ба бонки исломӣ бо қарори Маҷлиси умумии саҳмиядорон аз 12-уми июни соли 2019 ба ҶСК “Тавҳидбонк” тағйири ном кард.

“Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни ҶТ “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 4, 10, 12 ва 18-и Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 16-уми сентябри соли 2019, таҳти №116 ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тавҳидбонк” барои анҷом додани амалиёти бонкии исломӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд”, – зикр шудааст дар варақаи иттилоотӣ.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни супоридани иҷозатнома барои фаъолияти бонкдории исломӣ ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси ҶСК “Тавҳидбонк” Шералӣ Зардов изҳор дошт, ки рӯйдоди мазкур барои низоми бонкии кишвар як саҳифаи нав кушода, баҳри ҷалби сармояи хориҷӣ ва кушодани бонкҳои нав бо принсипи бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади муҳайё кардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҷорисози бонкдории исломӣ Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” аз 26-уми июли соли 2014, № 1108 қабул гардид. Он асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти бонкии исломиро дар Тоҷикистон муайян карда, барои пешбурди чунин фаъолият шароити мусоид фароҳам месозад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...