Анҷоми қувваозмоиҳои намояндагони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс

Date:

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбург ҷараён дорад, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ба рақобатҳояш дар вазни то 63 кило хотима бахшид.

Дар даври 1/8 финалӣ ӯ бо қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017, дорандаи медаи нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2016 Софиан Умиа аз Фаронса қувваозмоӣ кард.

Қувваозмоӣ пуршиддат ҷараён гирифта, Баҳодур то сонияҳои охир рақобат кард, лекин бо ҳисоби 1:4 аз варзишгари таҷрибадори фаронсавӣ шикаст хӯрд.

Қобили зикр аст, ки қаблан Баҳодур Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Украина дастболо шуда, дар даври баъдӣ муштзани турк Туғрул Эрдемирро мағлуб кард.

Дигар намояндагони Тоҷикистон дар ин мусобиқа – Шаббос Неъматуллоев то даври 1/16 финалӣ дар вазни то 81 кило роҳ ёфта, Бахтовар Сагизов ва Бахтиёр Мирзомуҳаммад дар қувваозмоиҳои аввал шикаст хӯрданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...