Чӣ тавр дар Иркутск оши палави тоҷикӣ пухтанд

Дар маркази маъмурии вилояти Иркутски Русия таҳти унвони “Пули дӯстии Тоҷикистон – Иркустк” фестивали диаспораи тоҷикон доир гардид. Тавре телевизиони маҳаллии НТС хабар медиҳад, яке аз майдонҳои Иркутск бо рангҳои миллии Тоҷикистон зебу оро дода шуд. Зиёфати асосӣ оши палавӣ тоҷикӣ буд, ки бевосита назди меҳмонони фестивал пухта шуд. “Гӯшту пиёзу сабзӣ, нахӯду биринҷ ва хӯришҳо. […]

Дар маркази маъмурии вилояти Иркутски Русия таҳти унвони “Пули дӯстии Тоҷикистон – Иркустк” фестивали диаспораи тоҷикон доир гардид.

Тавре телевизиони маҳаллии НТС хабар медиҳад, яке аз майдонҳои Иркутск бо рангҳои миллии Тоҷикистон зебу оро дода шуд. Зиёфати асосӣ оши палавӣ тоҷикӣ буд, ки бевосита назди меҳмонони фестивал пухта шуд.

“Гӯшту пиёзу сабзӣ, нахӯду биринҷ ва хӯришҳо. Инро ҳама медонанд, лекин пухтани оши палави шарқиро кам касон метавонанд”, – мутмаин аст хабарнигори НТС.

Намояндагони Тоҷикистон ба меҳмонону тамошобинони фестивал дастовардҳои фарҳанги худро намоиш доданд. Дар ин маърака аксари диаспораҳои вилояти Иркутск низ иштирок доштанд.

“Дар ҳамаи чорабиниҳои мо намояндагони миллатҳои дигар иштирок мекунанд, – мегӯяд Муриват Маликшоев, раиси Ҷамъияти миллию фарҳангии тоҷикон дар вилоят. – Табиист, ки мо ҳам дар чорабиниҳои миллатҳои дигар иштирок мекунем ва бо ҳамаи диаспораҳои миллии Иркутск муносибатҳои хуби дӯстона дорем”.

Ба ҷуз тановули палави хуштаъм ва шириниҳои шарқӣ, меҳмонони фестивал аз тамошои рақсу таронаҳои тоҷикӣ низ баҳра бурда, либос ва зарфҳои милии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи маҳсулот харидорӣ карданд.

Муовини раиси вилояти Иркутск Владимир Дорофеев мегӯяд, имрӯз муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи минтақавӣ аз чониби сарони кишварҳо дастгирӣ мешавад.

“Зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи апрел ба Маскав яқ қатор масъалаҳо баррасӣ шуданд, ки ба таҳкими дӯстӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳарбӣ ва гуманитарӣ мусоидат мекунад”, – иброз дошт ӯ.

Мусобиқаи милии тоҷикӣ “Гуштигирӣ” ба рӯйдоди марказии фестивал табдил ёфт. Ҳам калонсолон ва ҳам варзишгарони наврас ба майдон баромаданд. Бинандагони иштиёқманд эътимод ҳосил карданд, ки минтақа натанҳо сермиллат, балки муттаҳид ва тифоқ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.