Анҷоми қувваозмоиҳои намояндагони Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбург ҷараён дорад, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ба рақобатҳояш дар вазни то 63 кило хотима бахшид. Дар даври 1/8 финалӣ ӯ бо қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017, дорандаи медаи нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2016 Софиан Умиа аз Фаронса қувваозмоӣ кард. Қувваозмоӣ пуршиддат ҷараён гирифта, Баҳодур то […]

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки дар шаҳри Екатеринбург ҷараён дорад, муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ба рақобатҳояш дар вазни то 63 кило хотима бахшид.

Дар даври 1/8 финалӣ ӯ бо қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2017, дорандаи медаи нуқраи Бозиҳои олимпии соли 2016 Софиан Умиа аз Фаронса қувваозмоӣ кард.

Қувваозмоӣ пуршиддат ҷараён гирифта, Баҳодур то сонияҳои охир рақобат кард, лекин бо ҳисоби 1:4 аз варзишгари таҷрибадори фаронсавӣ шикаст хӯрд.

Қобили зикр аст, ки қаблан Баҳодур Усмонов дар даври аввал бар варзишгари Украина дастболо шуда, дар даври баъдӣ муштзани турк Туғрул Эрдемирро мағлуб кард.

Дигар намояндагони Тоҷикистон дар ин мусобиқа – Шаббос Неъматуллоев то даври 1/16 финалӣ дар вазни то 81 кило роҳ ёфта, Бахтовар Сагизов ва Бахтиёр Мирзомуҳаммад дар қувваозмоиҳои аввал шикаст хӯрданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.