Чӣ тавр дар Иркутск оши палави тоҷикӣ пухтанд

Asia-Plus

Дар маркази маъмурии вилояти Иркутски Русия таҳти унвони “Пули дӯстии Тоҷикистон – Иркустк” фестивали диаспораи тоҷикон доир гардид.

Тавре телевизиони маҳаллии НТС хабар медиҳад, яке аз майдонҳои Иркутск бо рангҳои миллии Тоҷикистон зебу оро дода шуд. Зиёфати асосӣ оши палавӣ тоҷикӣ буд, ки бевосита назди меҳмонони фестивал пухта шуд.

“Гӯшту пиёзу сабзӣ, нахӯду биринҷ ва хӯришҳо. Инро ҳама медонанд, лекин пухтани оши палави шарқиро кам касон метавонанд”, – мутмаин аст хабарнигори НТС.

Намояндагони Тоҷикистон ба меҳмонону тамошобинони фестивал дастовардҳои фарҳанги худро намоиш доданд. Дар ин маърака аксари диаспораҳои вилояти Иркутск низ иштирок доштанд.

“Дар ҳамаи чорабиниҳои мо намояндагони миллатҳои дигар иштирок мекунанд, – мегӯяд Муриват Маликшоев, раиси Ҷамъияти миллию фарҳангии тоҷикон дар вилоят. – Табиист, ки мо ҳам дар чорабиниҳои миллатҳои дигар иштирок мекунем ва бо ҳамаи диаспораҳои миллии Иркутск муносибатҳои хуби дӯстона дорем”.

Ба ҷуз тановули палави хуштаъм ва шириниҳои шарқӣ, меҳмонони фестивал аз тамошои рақсу таронаҳои тоҷикӣ низ баҳра бурда, либос ва зарфҳои милии Тоҷикистонро дар намоишгоҳи маҳсулот харидорӣ карданд.

Муовини раиси вилояти Иркутск Владимир Дорофеев мегӯяд, имрӯз муносибатҳои дуҷониба дар сатҳи минтақавӣ аз чониби сарони кишварҳо дастгирӣ мешавад.

“Зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи апрел ба Маскав яқ қатор масъалаҳо баррасӣ шуданд, ки ба таҳкими дӯстӣ, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҳарбӣ ва гуманитарӣ мусоидат мекунад”, – иброз дошт ӯ.

Мусобиқаи милии тоҷикӣ “Гуштигирӣ” ба рӯйдоди марказии фестивал табдил ёфт. Ҳам калонсолон ва ҳам варзишгарони наврас ба майдон баромаданд. Бинандагони иштиёқманд эътимод ҳосил карданд, ки минтақа натанҳо сермиллат, балки муттаҳид ва тифоқ аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...