Ошкор шудани беш аз 450 ҳолати рӯйпӯшкунии ҷиноятҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар бинои прокуратураи вилояти Суғд имрӯз, 20-уми сентябр ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд баргузор шуд.

Иштирокдорони ҷаласа таҳти раёсати прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов ба масъалаи риояи қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Аз ҷумла, дар бораи қатъи асосноки парвандаи ҷиноятӣ, боздошти истеҳсолоти парванда ё рад шудани оғози парванда дар самти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар давраи соли 2018 ва 8 моҳи соли 2019 сухан рафт.

“Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набояд бо тақдири одамон бозӣ кунанд. Онҳо ба ҳимоя аз ҳуқуқу озодиҳои онҳо вазифадоранд. Ҳеҷ кас бе гуноҳ набояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад ва ҳар касе, ки ба ҷиноят даст зад, бояд бо тамоми қатъияти қонун ҷазо гирад”, – қайд кард прокурор.

Ба гуфтаи ӯ, дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳукуқи вилоят далелҳои то 4 маротиба бекор кардани қарорҳои ғайриқонунӣ ҷой доранд.

“Аз рӯйи далелҳои сатҳӣ ва носанҷида қарор қабул мешавад, асосу далелҳо мавҷуд, вале парвандаи ҷиноятӣ оғоз намешавад ё баръакс – ҳеҷ асоси воқеӣ вуҷуд надошта, аммо парванда оғоз мешавад. Ҳамчунин дар ин давра 453 ҳолати рӯйпӯшкунии ҷиноятҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба қайд гирифта шудааст”, – иброз дошт Воҳидов.

Зимнан зикр шуд, ки дар ин давра 32 ҳазору 700 ариза ва маълумот дар бораи содир гардидани ҷиноятҳо баррасӣ ва аз рӯйи натиҷаҳои он 5 ҳазору 316 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар қариб 14 ҳазор ҳолат оғози парвандаи ҷиноятӣ рад гардидааст ва аризаҳои боқимонда ба баррасии дигар мақомоту муассисаҳо ирсол шудаанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои омӯзиш 339 қарори муфаттишони ВКД, 172 қарори муфаттишони мақомоти прокуратура, 172 қарори муфаттишони мақомоти амният ва мубориза бо коррупсия, инчунин 12 қарори мақомоти таҳқиқ дар бораи қатъи парвандаҳои ҷиноятӣ бекор карда шудааст.

“Дар ин давра мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 8 ҳазору 663 парвандаи ҷиноятӣ боз карда, баррасии 5843-тои онҳо ба анҷом расид, – гуфт прокурор. – 5460 парвандаи ҷиноятӣ ба судҳо фиристода шуда, 341 парвандаи ҷиноятӣ қатъ шуд”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.