Бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе соли 2022 боз мешавад

Моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад. Девони вазирони Ӯзбекистон 18-уми сентябр қарори дахлдор дар бораи боз шудани бинои нави намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро қабул кард. Тибқи он  рӯзи 1-уми октябри соли 2022 бинои нави сафорат дарҳои худро мекушояд. Дар ин бора Газета.uz хабар медиҳад. Мувофиқи созишномаи […]

Моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе бинои нави сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Девони вазирони Ӯзбекистон 18-уми сентябр қарори дахлдор дар бораи боз шудани бинои нави намояндагии дипломатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро қабул кард. Тибқи он  рӯзи 1-уми октябри соли 2022 бинои нави сафорат дарҳои худро мекушояд. Дар ин бора Газета.uz хабар медиҳад.

Мувофиқи созишномаи ҳукуматҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар бораи ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатии ҳар ду кишвар, ки моҳи августи соли 2018 ба имзо расид, барои бунёди бинои нави сафорати ҳамсоякишвар қитъаи замини масоҳаташ 1,2 гектар ҷудо шудааст.

Бунёди як маҷмааи мукаммал – бинои сафоратхона, бинои алоҳида барои қабули шаҳрвандон аз рӯйи масоили консулгарӣ, қароргоҳи сафир, постгоҳҳои назоратӣ, бахши муҳандисиву техникӣ, иншооти варзишӣ, таваққуфгоҳҳои кушода ва болопӯш барои автомашинаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Мутобиқи созишнома, қаламраве, ки дар он сафорати Тоҷикистон дар Тошканд сохта мешавад, дар маҳаллаи Себзор воқеъ аст. Барои сохтмони сафоратхонаҳои Ҳиндустону Чин ва Тоҷикистон як сол пеш дар ин ҷо 79 манзили хусусӣ кӯчонида шуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон айни замон дар кӯчаи Абдулло Қаҳҳор 61 ва сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар кӯчаи Саноӣ 30 воқеъ мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.