Ошкор шудани беш аз 450 ҳолати рӯйпӯшкунии ҷиноятҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Суғд

Дар бинои прокуратураи вилояти Суғд имрӯз, 20-уми сентябр ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд баргузор шуд. Иштирокдорони ҷаласа таҳти раёсати прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов ба масъалаи риояи қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Аз ҷумла, дар бораи қатъи асосноки парвандаи ҷиноятӣ, боздошти истеҳсолоти парванда ё рад шудани оғози парванда дар самти фаъолияти мақомоти ҳифзи […]

Дар бинои прокуратураи вилояти Суғд имрӯз, 20-уми сентябр ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд баргузор шуд.

Иштирокдорони ҷаласа таҳти раёсати прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов ба масъалаи риояи қонунгузории ҷиноятӣ ва ҷиноятӣ-мурофиавӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Аз ҷумла, дар бораи қатъи асосноки парвандаи ҷиноятӣ, боздошти истеҳсолоти парванда ё рад шудани оғози парванда дар самти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар давраи соли 2018 ва 8 моҳи соли 2019 сухан рафт.

“Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набояд бо тақдири одамон бозӣ кунанд. Онҳо ба ҳимоя аз ҳуқуқу озодиҳои онҳо вазифадоранд. Ҳеҷ кас бе гуноҳ набояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад ва ҳар касе, ки ба ҷиноят даст зад, бояд бо тамоми қатъияти қонун ҷазо гирад”, – қайд кард прокурор.

Ба гуфтаи ӯ, дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳукуқи вилоят далелҳои то 4 маротиба бекор кардани қарорҳои ғайриқонунӣ ҷой доранд.

“Аз рӯйи далелҳои сатҳӣ ва носанҷида қарор қабул мешавад, асосу далелҳо мавҷуд, вале парвандаи ҷиноятӣ оғоз намешавад ё баръакс – ҳеҷ асоси воқеӣ вуҷуд надошта, аммо парванда оғоз мешавад. Ҳамчунин дар ин давра 453 ҳолати рӯйпӯшкунии ҷиноятҳо дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба қайд гирифта шудааст”, – иброз дошт Воҳидов.

Зимнан зикр шуд, ки дар ин давра 32 ҳазору 700 ариза ва маълумот дар бораи содир гардидани ҷиноятҳо баррасӣ ва аз рӯйи натиҷаҳои он 5 ҳазору 316 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар қариб 14 ҳазор ҳолат оғози парвандаи ҷиноятӣ рад гардидааст ва аризаҳои боқимонда ба баррасии дигар мақомоту муассисаҳо ирсол шудаанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои омӯзиш 339 қарори муфаттишони ВКД, 172 қарори муфаттишони мақомоти прокуратура, 172 қарори муфаттишони мақомоти амният ва мубориза бо коррупсия, инчунин 12 қарори мақомоти таҳқиқ дар бораи қатъи парвандаҳои ҷиноятӣ бекор карда шудааст.

“Дар ин давра мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят 8 ҳазору 663 парвандаи ҷиноятӣ боз карда, баррасии 5843-тои онҳо ба анҷом расид, – гуфт прокурор. – 5460 парвандаи ҷиноятӣ ба судҳо фиристода шуда, 341 парвандаи ҷиноятӣ қатъ шуд”.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.