Гулназар Келдӣ: Ман ҳоло ҷавонам ва пириро ба гардан намегирам

Шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи матни Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ имрӯз 74-сола шуд. Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” иброз дошт, ки ҳарчанд солманд шуда бошад ҳам, худро ҷавон эҳсос мекунад. «Агар имрӯз бигӯям, ки пир шудам, ҳақиқатан пир мешавам. Ман ҳоло ҷавонам ва пириро ба гардан намегирам. Зодрӯзамро бо дӯстону наздикон ҷашн мегирам. Хушнуд аз […]

Шоири халқии Тоҷикистон ва муаллифи матни Суруди миллӣ Гулназар Келдӣ имрӯз 74-сола шуд.

Ӯ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” иброз дошт, ки ҳарчанд солманд шуда бошад ҳам, худро ҷавон эҳсос мекунад.

«Агар имрӯз бигӯям, ки пир шудам, ҳақиқатан пир мешавам. Ман ҳоло ҷавонам ва пириро ба гардан намегирам. Зодрӯзамро бо дӯстону наздикон ҷашн мегирам. Хушнуд аз онам, ки дар ҷамъи дӯстон ва оилаи меҳрубонам умр ба сар мебарам», – гуфт соҳибҷашн.

Ба қавли мавсуф, ҳоло бо пайдо шудани илҳом эҷод мекунад ва саъй меварзад, ки дар пешрафти ҷомеа саҳми худро гузорад.

Вай афзуд, ки баъд аз чанд рӯз китобҳои бачагонааш бо номи “Гулҳо ҳусни заминанд” ва “Ман”  рӯйи чоп меоянд. Ҳамчунин ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон як китоби калони ӯ бо номи “Хуҷаста” барои мактабҳои кишвар нашр мешавад.

«Дар аввали соли равон як операи мо дар театри Опера ва балет бо номи “Хусрав ва Ширин” аз рӯйи асари Низомии Ганҷавӣ ба саҳна гузошта шуд», – гуфт муаллиф.  

Ин шоири шинохтаи тоҷик соҳиби панҷ фарзанд – се писар ва ду духтар мебошад.

Ҳоло умед бар он дорад, ки ҷавонони тоҷик барои ободии Ватани худ талош меварзанд.

«Умед танҳо ба ҷавонон аст. Ҳозир гумон мекунанд, ки аз дасти ҷавонон коре намеояд. Вале ҷавонони ҳозира, навбаташон ояд, аз мо беҳтар кор мекунанд», – изҳори итминон кард ӯ.

Гулназар Келдӣ 20-уми сентябри соли 1945 дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Таҳсил дар мактаби миёнаро бо нишони тилло анҷом дода, ба факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шудааст ва онро соли 1966 бо дипломи аъло хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, то мақоми муовини сармуҳаррири он расидааст. Сипас дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ», «Пайванд», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», рӯзномаи «Ваҳдат» дар вазифаҳои мудири шуъба ва сардабир фаъолият кардааст. Солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ будааст.

Айни ҳол муовини раиси Кумитаи мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Шеърҳои аввалини ӯ ҳангоми шогирди мактаби миёна буданаш ба табъ расидаанд. Маҷмӯаи нахустинаш «Расми сарбозӣ» соли 1969 интишор ёфтааст. То имрӯз дар ҳудуди 40 маҷмӯаи ашъори ӯ ба табъ расидаанд, ки «Фасли оғоз», «Тулӯи беборӣ», «Оинаи ташна», «Туву хубиву раъноӣ», «Сафина», «Шоиру шеъре агар ҳаст…», «Оғӯши саршор», «Девори сабз», «Дарёи кӯча», «Борони бесаранҷом» ва ғайра аз он ҷумлаанд.

Барои маҷмӯаи ашъори бачагонаи «Се кулчаи танӯрӣ» сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1995) шудааст.

Аз соли 1973 узви Иттифоқи нависандагон ва аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.