Нақшаи ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон 16% иҷро шуд

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 16% аз нақшаи пешбинишуда пахта ҷамъоварӣ шудааст. Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорат, имсол дар майдони 185 ҳазору 570 гектар пунбадона кишт шудааст, ки нисбат ба соли пешин 1,7 ҳазор гектар зиёдтар мебошад. Пахтакорони тоҷик ният доранд, ки имсол наздики 400 […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, то имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 16% аз нақшаи пешбинишуда пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати рустанипарварии Вазорат, имсол дар майдони 185 ҳазору 570 гектар пунбадона кишт шудааст, ки нисбат ба соли пешин 1,7 ҳазор гектар зиёдтар мебошад.

Пахтакорони тоҷик ният доранд, ки имсол наздики 400 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ беш аз 300 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуд, ки 22,3% камтар аз соли 2017 аст. Дар ин робита ҳукумат ба мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати афзоиши майдони кишти пахта дастур дод.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, ба маъракаи ҷамъоварии пахта ҳудуди 136 ҳазор нафар ҷалб шудаанд. Онҳо дар як рӯз то 6 ҳазор тонна ҳосил ҷамъ овардаанд, ки ба як кас 40-50 кило рост меояд. Барои 1 кило пахтаи ғункарда ба чинакчиён аз 40 то 60 дирам мепардозанд.

Дар маъракаи ҷамъоварии пахта айни замон дар ҷумҳурӣ кишоварзони ноҳияи Шаҳритӯс пешсафанд, ки 60%-и нақшаро иҷро кардаанд.

Қобили зикр аст, ки пахтачинӣ дар вилояти Хатлон даҳаи охири моҳи август шурӯъ шуд. То охири сол деҳқонон беш аз 275 ҳазор тонна ин навъи зироатро ҷамъоварӣ карданианд.

Баҳри ҳавасмандсозии кишоварзон дар вилояти Хатлон мусобиқаи “60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор” эълон шудааст.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дастур додааст, ки зарбдорони меҳнат ду маротиба дар як моҳ қадрдонӣ карда шаванд. Мувофиқи ин қарор, ба се ноҳияи пешсаф дар ҳаҷми 15, 10 ва 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ супорида мешавад.

Қобили зикр аст, ки нахи пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2018 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 93 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи умумии 181,6 млн. доллар содирот шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.