Дастрасӣ ба китобхонаи электронии Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Аввалин китобхонаи электронӣ дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2007 кушода шудааст. Он нахуст дар бинои китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷойгир буд ва соли 2012 ба бинои нави Китобхонаи миллии Тоҷикистон кӯчонида шуд.

Ин махзани дониш дар муддати 12 соли фаъолияташ ба чӣ пешравиҳо ноил гардид? Дар ин хусус бо муовини сардори шуъбаи автоматикунонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Яъқуб Бобохонов мусоҳиба анҷом додем.

– Китобхонаи электронӣ айни ҳол чӣ гуна фаъолият дорад?

– Фаъолияти китобхонаи электронии Китобхонаи миллии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст. Он моҳи ноябри соли 2017 барои хонандагони дохиливу хориҷӣ сомонаи худро фаъол кард. Хонандагон сарфи назар аз ҷойи зист метавонанд аз хизматрасонии он истифода намоянд. Айни замон бойгонии сомона ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дастрас аст. Саҳифаи англисии он дар марҳилаи коркард аст ва рӯзҳои наздик фаъол мешавад.

– Ҳоло дар бойгонии он чанд китоби электронӣ маҳфуз аст?

– Шумораи китобҳои электронӣ ба 319 ҳазор расид, ки 113 ҳазораш ба забони тоҷикӣ ва боқимонда ба забонҳои англисию русӣ мебошанд. Нақша дорем, теъдоди китобҳоро зиёд кунем.

– Агар хонанда дар китобхона сабти ном нашуда бошад, чӣ хел аз махзани электронӣ истифода месозад?

– Агар хонанда узвияти китобхонаро надошта набошад, метавонад аз хизматрасонии китобхонаи электронӣ истифода кунад. Ӯ бояд худро ба таври зерин дар сомонаи nlt.tj ба қайд гирад: нахуст аз хизматрасонии сабти ном истифода кунад. Ному насаби худро дохил карда, ба ҷойи рақами корти хонандагӣ ҳашт рақами дилхоҳро нависад, баъдан санаи таваллуд, ҷинс, E-mail ва рамзи худро ворид кунад ва калимаи сабтро пахш намояд. Бо анҷоми ин амал пас аз 10 дақиқа ӯ ҳамчун хонандаи китобхонаи электронӣ номнавис мешавад.

– Рӯзона чанд нафар хонандагон аз китобхонаи электронӣ истифода мекунанд?

– Шумори хонандагон рӯзона гуногун аст. Дар фасли тобистон, ки ҳама хонандагон ва донишҷӯён таътил доранд, теъдоди онҳо аз 1000 то 2000 мерасид. Пас аз оғози таҳсил шумори онҳо зиёда аз 5000 мебошад.

– Хонандагон метавонанд китобҳоро боргирӣ кунанд?

– Барои хонандагон маҳдудият вуҷуд надорад. Онҳо метавонанд ҳар китоби дилхоҳро боргирӣ карда, бо худ бигиранд. Ё метавонанд онро ба таври онлайн бихонанд. Инчунин хонандагон аз китобхонаи электронии дигар кишварҳо низ истифода карда метавонанд.

– Оё барои истифодаи интернет маҳдудияте ҳаст?

– Толори китобхона дар як вақт метавонад то 170 нафар хонандаро бо интернет таъмин созад. Барои корбарони интернет маҳдудияте вуҷуд надорад. То ҳол хонандае аз суръат ё маҳдудияти интернет шикоят накардааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз китобхонаи электронии миллии Тоҷикистон ҷавобгӯйи талаботи ҷаҳонист. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...