Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Идомаи Ҳафтаи кинои Ҳиндустон дар Душанбе. Намоиши филмҳо дар кинотеатри “Зебуннисо” соати 16:30 баргузор мешавад. Воридшавӣ бепул аст; – Дар Тошканд Мусобиқаи байнулмилии Grand Prix оид ба дзюдо оғоз мегардад, ки дар он 470 гуштигир аз 73 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат меварзанд; – Дар Тайиланд Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ ба […]

АНОНС

– Идомаи Ҳафтаи кинои Ҳиндустон дар Душанбе. Намоиши филмҳо дар кинотеатри “Зебуннисо” соати 16:30 баргузор мешавад. Воридшавӣ бепул аст;

– Дар Тошканд Мусобиқаи байнулмилии Grand Prix оид ба дзюдо оғоз мегардад, ки дар он 470 гуштигир аз 73 кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат меварзанд;

– Дар Тайиланд Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ ба итмом мерасад;

– Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-14) дар Мусобиқаи байнулмилалии рушди УЭФА дар Албания бо дастаи Эстония бозӣ мекунад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6904 сомонӣ;

1 евро – 10.6827 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1514 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1991 – Дар иҷлосияи фавқулоддаи Шӯрои Олии ҷумҳурӣ раиси парлумон Қ.Аслонов истеъфо дода, раиси Шӯрои Олӣ Раҳмон Набиев интихоб шуд.

2013 — Эмомалӣ Раҳмон дар кори нишасти навбатии сарони кишварҳои узви СААД дар Сочи ширкат варзид, ки дар он оид ба кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи давлатӣ аз ҷониби созмон тасмим гирифта шуд.

2013 — Дар Душанбе аз амали террористӣ пешгирӣ карда шуд. Сохторҳои қудратӣ як гурӯҳ террористонро, ки таркишҳо дар муассисаҳои давлатии кишвар ва чор дарвозаи пойтахтро омода мекарданд, безарар гардониданд.  

1931 – Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Аврод Бурҳонов.

1947 – Мавлуди иқтисодчӣ Тоҳир Абдуллоев.

1953 – Зодрӯзи собиқ сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ Иззатулло Шарифов.

1954 – Мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшо Раҳматуллоев.

1957 — Зодрӯзи журналист Мардон Муҳаммад.

1959 – Мавлуди коргардони театр, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Бурҳониддин Раҷабов.

1960 – Зодрӯзи журналист Мамадалии Бахтиёр.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 23 сентябр аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.